ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

31.12.2025
print
Ҳамдиёрони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам самимона табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, бахту саодат, комёбиҳо ва рӯзгори ободро таманно менамоям.
Соле, ки моро хайрбод мегӯяд, дар ҳаёти мардуми шарафманди ноҳия, чун тамоми мардуми кишвар фаромӯшнопазир боқӣ мемонад.
Дар ҳақиқат, дар соли 2025 дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омаданд, ки ба пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳдошти рӯзафзуни рӯзгори мардуми ноҳия мусоидат кардаанд.
Бузургтарин воқеаи сол барои мардуми мо дар соли сипаригашта ин ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия мебошад, ки ба шарофати ин сафари корӣ чандин корҳои созандагию ободонӣ ба вуқӯъ пайваст.
Ҳамчунин пешниҳод гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мардуми шарафманди ноҳияи мо низ дар партави ин Паёми Пешвои миллат якдилона заҳмат кашида, садоқатмандии худро бо иҷрои нақшаҳои дурнамо нишон хоҳанд дод.
Дар соли 2025-кишоварзони мо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми муносибе гузошта, ҷиҳати истеҳсол ва содироти он ба нишондодҳои назаррас ноил гардиданд.
Саноатчиёни ноҳия низ тавонистанд дар соли 2025 ғайратмандона меҳнат карда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолиро бештар намуданд ва ба таъмини садҳо ҷойҳои нави корӣ барои эҳтиёҷмандон мушарраф гардиданд.
Соли 2025 дар ноҳия соли бунёду созандагӣ буд, зеро бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо, ки 580 бандро дарбар мегирифт дар ин сол ба пуррагӣ иҷро гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар ноҳия корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар маркази ҷамоатҳои деҳоти Муҷун ва Исмоили Сомонӣ, марказҳои хизматрасонӣ дар деҳот, азнавсозии хатҳои интиқоли барқу об ва дигар амалҳои созандагӣ идома ёфта, баҳри беҳтар гардидани симои шаҳраку деҳот ва болоравии маданияти шаҳрдорӣ дар деҳот таъсири назаррас дорад.
Барои маорифчиёни ноҳия низ соли 2025 хотирмон арзёбӣ мешавад.
Бо истифода аз маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилоят,ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва тариқи ҳашари умумӣ мактаби нав дар деҳаи Муҷун ва чандин синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳои деҳот, инчунин дар деҳаҳои Басманда, Чӯянчӣ, Росровут ва Ҳазорчашма боғчаҳои нав бунёд гардиданд, ки ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Инчунин хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳо олимпиадаҳои фаннии байналмилаливу ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар як вақт варзишгарон низ дар ин сол ба хазинаи ноҳия 122 медал, аз ҷумла 34 медали тилло, 44 медали нуқра, 44 медали биринҷӣ ворид намуданд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардида, ба ғолибони озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, варзишгарони номӣ ва устодонашон сипоснома ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Дар маҷмӯъ, соли 2025 барои мардуми шарафманди ноҳия соли барору комёбиҳо маҳсуб меёбад.
Мо бо соли 2025 хайрухуш намуда, бо руҳияи баланди меҳнатӣ, иродаи қавӣ ва итминони комил ба остонаи соли нави 2026 ворид мешавем. Дар Соли нав моро амалҳои боз ҳам шоиставу манфиатовар ба нафъи мардуми диёр интизор аст.
Аз ин рӯ, бори дигар ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми ноҳияро бо фарорасии Соли Нави мелодии 2026 сидқан табрику муборакбод намуда, ба Шумо тандурустии комил, рӯзгори осуда ва руҳияи қавии меҳнатӣ орзу менамоям.
Соли наватон хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code