ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22.02.2025
print
Муҳтарам афсарону сарбозон!
Мо дар арафаи солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Бояд қайд намуд, ки 23-юми феврал иди сарбозону афсарон, иди ҳайати ҷузъу томҳои ҳарбӣ, иди тамоми мардуми Тоҷикистон аст, зеро ҳимояи давлат, ҳифзи Истиқлолият ва тамоми марзу буми Ватан ба души Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, артиш аз ҳисоби фарзандони шуҷою далер ва ватандӯст ташкил меёбад.
Аз ин рӯ, ҳамаи Шумоён сарбозон ва афсаронро ба ифтихори солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ буда, яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф- ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудаанд, яъне онҳо вазифаҳое буданд, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Артиши миллии мо дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан ва хомӯш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовор гузошт.
Дар солҳои истиқлоли давлатии мамлакатамон дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, барои ҳифзи як порчагии марзу буми диёр, пойдории сулҳу ваҳдат ва афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият сарбаландона хизмат карда истодааст.
Дар ин замина Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд».
Бояд қайд намуд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандию вазифаи хизматии худро бо садоқат ва сарбаландона ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионц, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.
Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони мо қаҳрамониву фидокорӣ нишон дода, ба хотири сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ ҷони худро қурбон карданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сипосгузори тоҷик хотираи неки он ҷавонмардонро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва
хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд. Имрӯз мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бисёр имтиҳону санҷишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд.
Имрӯз Артиши миллии таъсисдодаи мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муаззаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи Ватан, уҳдадорӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Аз ин ру ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва онҳо бояд дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омӯзанд.
Мо аз он ифтихор дорем, ки дар ҳар маъракаи даъват ҷавонони ғаюру бо шуҷоати ноҳияамон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, хизмати Ватан-Модарро бо сарбаландӣ адо менамоянд.
Дар шароити имрӯза дар баробари амалҳои мудҳиши террористие, ки дар кишварҳои орому осуда рух дода истодаанд, нишон медиҳанд, ки ҳар гуна давлат, сарфи назар аз сатьи инкишофу иқтидор метавонад, дар як муддати кӯтоҳ зери таъсири равияву ташкилотҳои террористӣ осебпазир гардад.
Аз ин рӯ Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки масъалаҳои вобаста ба ташкили босифати чорабиниҳои сафарбарӣ ва омодагии сохторҳои мудофиаи ҳудудиро бояд таҳти таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддӣ қарор диҳанд.
Мо ҳамеша бо афсарону сарбозони далеру ҷасури Қувваьои Мусаллаҳи Тоҷикистон ифтихор мекунем.
Бигузор, дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ доимо пойдор бошад ва мо тамоми саъю кўшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовид бошад. Таманнои онро дорам, ки Артиши миллӣ ҳамеша пойдор ва родмардони Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон содиқ ба мардуми шарафманди Тоҷикистон бошанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи Шумоён сарбозон ва афсаронро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Барои заҳматҳои шабонарӯзиатон ба хотири ҳифзи сулҳу субот ва оромию осоиши халқи бунёдкору созандаи тоҷик изҳори сипос намуда, дар фаъолияти душвор, вале пурифтихори хизматиатон комёбиҳо орзу менамоям.
Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code