ПАЁМИ ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2025
print
Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанони азиз, бахусус сокинони сарбаланди ноҳияи Деваштич табрику таҳният мегўям.
Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр ба гиромидошти хизматҳои шоистаи Сарвари муаззами давлат – меъмори сулҳу ваҳдат ва ҳомии Истиқлолу якпорчагии мамлакат, таҷлил мегардад, тоҷику тоҷикистониён меҳру муҳаббату садоқати бепоёни худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арз медоранд.
Боиси фараҳмандист, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ зиндагӣ карда, шоҳиди пешрафтҳои зиёди диёри маҳбубамон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу маънавиёт мегарданд.
Тамоми дастовардҳо ва неъматҳое, ки дорем, ба шарофати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву таҳти роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат кишварамон ба рушду шукуфоӣ расидааст.
Дар ҳақиқат, Пешвои муаззами миллат бо нерӯи фавқулода, истеъдоди нодири давлатдорӣ, роҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона, иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда ва хизматҳои беназир Тоҷикистони тозаистиқлолро ба давлати пешрафта ва шукуфон табдил доданд.
Хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барпо кардани ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон ниҳоят бузург буда, саҳифаҳои заррини таърихи давлатдориамон дар даврони Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштани эътибори кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, бахусус оид ба дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ, , ба миён гузоштани муаммоҳои глобалии гармшавии сайёра ва дигар мушкилоти экологӣ, муборизаи беамон бо терроризму ифротгароӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо қаноатмандӣ пазируфта шудаанд.
Дар баробари ин, Тоҷикистон ба майдони баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфт.
Сарчашмаи ин ташаббусҳои ҷаҳониро метавон дар заминаи шинохти моҳият ва ҳадафҳои сиёсати дохилию хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуд, зеро тамоми дастовардҳои мардуми тоҷик дар даврони истиқлол, бахусус таҷрибаи сулҳ самараи ҳамин сиёсати оқилона ба ҳисоб рафта, дар навбати худ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Бо назардошти ҳамаи ин, пайваста тарғибу ташвиқ намудани рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти он ва хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарвар бошад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон Пешвои маҳбубу ғамгусор, Қаҳрамони миллат, Сарвари роҳнамову хирадпеша, ходими дурандеши давлатиро мебинанд ва бо чунин фарзанди фарзонаи миллат худро хушбахт шуморида, бо эътимоду боварӣ ба фардои дурахшон фаъолият намуда, барои бо армуғонҳои меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош менамоянд.
Бори дигар бо камоли эҳтирому сарфарозӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи сокинони ноҳияи Деваштич самимона таҳният гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу сарбаландӣ, саодатмандию пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон пешрафту тараққиёти бештарро орзумандам.
Поянда бод Сарвари давлат ва халқи Тоҷикистон!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code