ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2025
print
Кормандону собиқадорони мақомоти прокуратура!
Ҳамасола тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 14-уми март ҳамчун Рўзи кормандони мақомоти прокуратура таҷлил мегардад, кулли кормандони прокуратура ва собиқадорони соҳаи прокуратураро ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрик намуда, бароятон сарбаландӣ, сиҳатмандӣ, бахту саодат ва дар адои вазифаи пурмасъулият баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузорӣ дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақиятҳо таманно менамояд.
Ташаккули мақомоти прокуратура ба вазъи таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодии давраҳои муайяни тараққиёти ҷомеа вобаста буда, дар қатори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муҳимтарин ниҳоде ба шумор меравад, ки дар рушди арзишҳои демократия, устувории вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши намоён дорад.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ мақомоти прокуратураи Тоҷикистон чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронида, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Зеро, дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ – конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқан муайян шуд.
Зикр бояд намуд, ки Асосгузори сульу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғаӣридавлатӣ иборат аст.
Меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди Прокуратураи ноҳия дар ин ҷода аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хубӣ эҳсос мегардад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки эътимоди баланди мардуми диёр ба азму иродаи кормандони прокуратура рӯҳу илҳоми тоза бахшида, барои ҳомии воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон будани онҳо роҳнамоӣ менамояд.
Дар ин рӯзи фархунда бори дигар тамоми кормандон ва собиқадорони соҳаро ба муносибати фарорасии Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрику таҳният гуфта, рӯзгори хушу хуррам, хонаободӣ, офияти рӯзгор, тансиҳатӣ ва дар фаъолияти хизматӣ муваффақиятҳои тоза ба тоза таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак бошад!

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code