Ҳамдиёрони азиз!
Бо эҳтиром ва самимияти хосса кулли бо эҳтиром ва самимияти хосса кулли сокинони ноҳияро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии
муқаддасоти миллӣ буда, ифодакунандаи рамзи Истиқлол ва соҳибихтиёрии кишвари азизамон мебошад, табрику муборакбод менамоям.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист. Парчамдори, ки ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз
нав эҳё гардид, барои миллати фарҳангдӯсту соҳибтамаддуни тоҷик суннати аҷдодӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии хешро 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб қабул намуд, ки минбаъд он
муаррифгари кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Мо хеле хушбахтем, ки дорои Парчами миллии худ ҳастем. Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки дар баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар қатори
парчамҳои дигар давлатҳо Парчами Тоҷикистони мо низ парафшонӣ мекунад ва ҷаҳониён ба он арҷ мегузоранд.
Дуруст аст, ки Парчамро яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва нишони ҳастии миллату давлатҳо ном мебаранд.
Таърих гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик аз азал дорои парчами худ буду ҳамеша баҳри ҳифзу нигаҳдошти он талошҳо намудааст.
Имрӯз низ мардуми Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти сиёсӣ соҳиби Парчами миллӣ – рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид.
Вобаста ба арҷгузори ва эҳтиром нисбати Парчами давлати силсилапарчамро дар пояҳои баланд дар шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистони азиз барафрохта шудаанд.
Боиси ифтихори мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Деваштич аст, ки санаи 21 августи соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази
ноҳия боғи фарҳангӣ-фароғатии Деваштич мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он қомат афрохтани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 52 метр шукҳу шаҳомати тоза бахшид.
Аз ин файзи Истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу Ваҳдати миллӣ имрӯз Парчами миллӣ ифодакунандаи иқболу
истиқлол, иттифоҳу сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми
тоҷикистониёнро дар ҷилои рангҳои худ инъикос менамояд.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлати ҳамчун рамзи истиқлолияти давлати рисолати таърихӣ ва марзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Парчами миллии мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, имрӯз ҳамчун баёнгари орзуву ормони аҷдодӣ соҳиби эхтироми хоса мебошад.
Аз ин рӯ, муносибати самимона ба Парчам ва дӯст доштани он таҷассумгари бедории аҳли ҷомеа мебошад.
Бигзор, Парчами пурҷилову нурафшони Истиқлолият ҷалби хурду бузурги Ватанро то абад мунаввар гардонад ва муҳаббати Тоҷикистони азизамонро дар дили ҳар фарди
бонангу номус ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорад.
Дар фарҷом бори дигар ҳар яки Шумо ва дар шахсияти Шумо-кулли сокинони ноҳияро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, таманнои
онро дорам, ки бигзор ба хонадони ҳар фарди ватандӯсту худогоҳ сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек танинандоз бошад ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафти рӯзафзун ҳамеша боқӣ бимонад.
Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонад.

Шарҳ нест