Санаи 22 марти соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич маросими қадрдонии собиқадорони арсаи меҳнат аз ҷониби Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баргузор гардид.
Сараввал Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода собиқадоронро бо соли нави аҷдодӣ, ҷашни бузургу мубораки Наврӯз шодбош гуфта, қайд намуд, ки ҳаёту фаъолияти шахсони барӯманд, солдида, соҳибтаҷриба барои насли ҷавон намунаи ибрат аст ва эшон дар пайравӣ ба собиқадорон барои ободонии Ватани соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.
Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода Паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз – ро ба самъи ҳозирин расонида, зикр дошт, ки собиқадорон ва аҳли заҳмат ҳамеша дар мадди назари сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад.
Зимни суҳбат пирони рӯзгордида шукронаи Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол намуда, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва рушди босуботи кишвари соҳибистиқлоламон дуои нек карданд.
Дар фарҷом собиқадорон бо кӯмаки яквақтаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчун туҳфаи наврӯзӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Шарҳ нест