Имрӯз дар равзанаи интернетии пойгоҳи хабарии “Радиои озодӣ” мусоҳибаи хабарнигори ин расона бо раҳбари ташкилоти террористии ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ интишор дода шудааст.
Амре шигифтангез аст, ки “Радиои Озодӣ” дар арафаи интихобот, яъне маъракаи муҳими сиёсии кишвари мо ба таври ошкоро ва иғвоангезона бо раҳбари ҷинояткори як ташаккулаи террористиву экстремистӣ мусоҳиба оростааст, ки ин хилофи ҳама гуна муқаррароти мавҷуда, аз ҷумла хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот” аст. Умуман, ин пойгоҳи иттилоотӣ тӯли вақтҳои охир ба минбари наҳзатиён ва ба вижа раҳбари хоини он – М.Кабирӣ табдил ёфта, ба таври мунтазам дар бораи кишвари мо маводи муғризона интишор медиҳад.
Дар иртибот ба мусоҳибаи мазкур бояд ин нуктаро иброз дошт, ки мутаассифона, иддае аз пойгоҳҳои иттилоотии сатҳи байналмилалӣ ва ба вижа “Радиои Озодӣ” бар хилофи иддаоҳо ва оинномаву дастуруламалҳои хеш дар пайи таблиғи гурӯҳҳои тундраву вопасгаро ва талқини ақоиди террористони худбохтаву ватанфурӯшон мебошанд. Ҳол он ки ин расонаҳо бояд ба дунболи таҳкими ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва инсонмеҳвару донишбунёд бошанд.
Хабарнигори “Радиои Озодӣ” ба таври пӯшида ва мусоҳиби террористи вай ба таври ошкоро барои ҳақ ҷилва додани мавқеи худ ва ҳамзамон тавзеҳи номуваффақ будани талошҳои ҳизби сиёсиашон кӯшидаанд, ки омили асосии қатъи фаъолият ва иштирок накардани ТТЭ ҲНИ-ро дар интихоботи навбатӣ ба эҳтирозу нотавонбинии Ҳукумати кишвар иртибот диҳанд. Кабирӣ дар ин мусоҳиба мардумро боз гӯл зада мехоҳад, аз чизи набуда ҳангома созад. Сарвари террористони наҳзатӣ чун ҳамеша бо таҳрифи воқеият ва лафзбозӣ хостааст мавқеи худ ва ҳизби ифротгарояшро ҳақ нишон диҳад.
Дар воқеъ, бисёр шигифтангез аст, ки чунин афрод бо вуҷуди даст доштан дар ҷиноятҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва омили марги ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳи кишвар шудан, ки на фақат хиёнат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, балки нақзи ҳуқуқи башар низ буд, феълан риёкорона ва бидуни хиҷолат дар сатҳи пойгоҳҳои хабарии байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдору ҳомии арзишҳои демократия роҷеъ ба адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷор мезананд.
Маълум аст, ки наҳзатиён ва алалхусус Кабирӣ чӣ мехоҳад. Вай ба хотири манфиатҳои гурўҳиву ҳизбии худ омодааст, ки манфиатҳои милливу давлатиро сарфи назар кунад. Ӯ бо талошҳои бесамари худ умедвор аст, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш хоҳад кашид.
Дар посух ба суоли хабарнигор, ки “Шумо дар як суолу ҷавобе бо корбарон дар Интернет, гуфтаед, ки дар сиёсат риё ҷоиз аст. Яъне фарқи байни сухан ва амал ё худ макри сиёсӣ. Он гоҳ асли покизагии динӣ чӣ мешавад?” Кабирӣ бидуни хиҷолат мегӯяд, ки макру риё варзидан дар сиёсат равост. Пас, ҳар чӣ феълан Кабирӣ мегӯяд, аслан риёкорона ва фурсатталабона аст. Ӯ ба хотири расидан ба ҳадафҳои худ ҳаргиз аз риёкорӣ кардану дурӯғ гуфтан ва фитнаву дасиса ангехтан шарм намедорад ва истиҳола намекунад. Бидуни шубҳа барои вай анҷом додани ин корҳо як кори маъмулӣ ва муқаррариест. Ин аъмоли номатлуб барои ӯ ва ҳаммаслакони сиёсиаш танҳо василаҳо ва олатҳои ба даст овардани ҳадаф аст.
Дар воқеъ боиси тааҷҷуб аст, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама риёкориву фитнаангезӣ ва иғвогариҳои Кабирӣ ва террористӣ эълон шудани ТТЭ ҲНИ “Радиои Озодӣ” ҳанӯз ҳам дар пай чеҳрасозӣ ва тарғиби ӯву тарвиҷи ақоиди ифротии ҳизби ӯст? “Радиои Озодӣ” баъди ба вазифаи раҳбарии он таъин шудани Салими Аюбзод ба минбари наҳзатиён табдил ёфтааст. Дар воқеъ, «Радиои Озодӣ» ҳини интишори иттилоот пиромуни Тоҷикистон афзалияти бештарро ба барнома ва матлабҳое медиҳад, ки хусусияти моҷароҷӯёна ва иғвоангезона дошта, дар онҳо воқеияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ таҳриф карда мешаванд.
«Радиои Озодӣ» дар фаъолияти хеш талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвари моро риоя намекунад, аз ҷумла нақзи талаботи банди 1-и моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (№961 аз 19.03.2013с.), ки дар он гуфта шудааст: «Интишори … ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад… манъ аст». Инчунин, аз тарафи намояндагии «Радиои Озодӣ» ҳолатҳои риоя нашудан ва иҷро нагардидани он муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар банди 1.5-и моддаи I-и Низомномаи «Радиои Озодӣ» дарҷ шудаанд, ҷой доранд.
Рахбарияти “Радиои Озоди” бояд дониста бошанд, ки амалхояшон чавобгари дорад, яъне мувофиқи моддаи 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016, № 1359), бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.15, №1261). Айни ин ҳолатро моддаи 39, қисми 5-и Кодекси ҷиноятӣ мушаххас кардааст: “Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест”.
Баъди таъйин карда шудани Салими Аюбзод ба вазифаи роҳбари бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ» теъдоди матлабҳои муғризонаву беасос ва ҳангоматалабона нисбат ба ҶТ рӯ ба афзоиш оварданд. Гузашта аз ин, бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ» ба минбари иттилоотии роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ табдил ёфта, амалан ба тарғиботи рӯирости ин ташкилоти террористӣ, интишори ғояҳои исломи сиёсӣ, таблиғи ифротгароии мазҳабӣ ва андешаҳои зиддимиллӣ машғул аст.
Бо мушоҳидаи ин корҳо ва шеваи фаъолияти «Радиои Озодӣ» метавон ба ин натиҷа расид, ки ҳадафи ниҳоии ин ширкати хабарӣ ва сардабири он аслан таҳриф кардани воқеиятҳои рӯзи кишвари мо бо назардошти манфиати доираҳои сиёсии наҳзатӣ ва созмонҳои манфиатдори хориҷӣ аст. Маълум аст, ки сарпарастон ва муҷриёни пружаи расонаие чун «Радиои Озодӣ» мехоҳанд ба воситаи пахшу нашри маводи иттилоотии иғвобарангезона авзои сиёсиву иҷтимоиро дар кишвари мо танишзо карда, то ба ҳолати даргирии иҷтимоӣ расонанд.
Афроди худбохтае чун Салими Айюбзод, ки ба сифати дабири «Радиои Озодӣ» фаъолият мекунад, фақат муздури сармоягузорон ва фармоишгарон аст, ки ба хотири манофеи шахсӣ бидуни хиҷолат аз манофеи Меҳану миллати худ сарфи назар мекунад.
Тарроҳону сармоягузорон ва муҷриёни ин пружаи расонаӣ, ки доираҳои манфиатдори ғарбӣ мебошанд, бо баҳонаҳои зебое чун тарғиби демокросӣ, ҳифзи ҳуқуқи башар, озодии эътиқод ва баён феълан дағалона ба умури дохилии кишвари мо дахолат карда истодаанд.
Бо назардошти ин хатар ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он бояд гуфт, ки иддае аз кишварҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик, аз ҷумла кишварҳое, ки бо мо дар доираи як блоки сиёсӣ қарор доранд, баҳри коҳиш додани таҳоҷуми иттилоотӣ ва фишори расонаии нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ аллакай даст ба иҷдомҳои ҷиддӣ заданд. Масалан, Думаи давлатии Русия ҳанӯз соли 2012 қонунеро таҳти унвони “Дар бораи “агентҳои хориҷӣ” кард, ки бар асоси он шахсони ҳуқуқие, ки дар фазои маҷозӣ ва воқеӣ ба интишори иттилооти барои ФР музир машғуланд, аллакай “агент” ҳисобида мешаванд. Дар робита ба ин қонун феълан дар Русия “Радиои Озодӣ”, “Садои Амрико” ва телевизиони “Настоящее Время” ва ғ. ба ҳайси “агенти хориҷӣ” эътироф шудаанд. Хусусияти вижаи “агентҳои хориҷӣ” он аст, ки онҳо барои интишори иттилоот аз сохторҳо ва ё шаҳрвандону созмонҳои хориҷӣ “пул ё амвол” дарёфт мекунанд. Бо назардошти ин “вижагӣ” дақиқан метавон гуфт, ки ширкати хабарии “Радиои Озодӣ” ва сардабири он Салими Айюбзод агенти хориҷӣ ва хидматгузори доираҳои таҷассусии хориҷӣ мебошанд.
Аз ин аст, ки дар ин расонаи ба ном “мустақил”, фақат иттилооте интишор дода мешаванд, ки ба манофеи фармоишгарон созгор аст, на ба манофеи милливу давлатии мо. Бинобар ин, хеле хуб мебуд, агар Парлумони кишвари мо низ ба хотири таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа ба мисли кишвари Русия санадҳои меъёриву ҳуқуқие ба тасвиб мерасонид, ки дар такя ба онҳо имкони баҳо додан ва чораҷӯӣ кардан нисбат ба фаъолияти муғризонаи чунин ширкати хабарии ҳангомаҷӯву муздур ба вуҷуд меомад.
Бешак, айни замон бо назардошти хатароти ҷаҳони муосир дар кишвари мо шароите ба вуҷуд омадааст, ки бояд мақомоти қонунгузори ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои қудратӣ бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба асноди меъёрии ҳуқуқии марбута заминаи ҳуқуқиро барои пешгирии нуфузи агентҳои хориҷӣ фароҳам оваранд, чунки дар фазои расонаии кишвар, нуфузи онҳо, мутаассифона, сол ба сол рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст.
Аҷиб аст, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама дасисаангезӣ «Радиои Озодӣ» ҳанӯз ҳам фаъолияти нодуруст ва зарарноки худро Тоҷикистон идома медиҳад? Новобаста ба гузаштҳои мақомоти дахлдори Тоҷикистон нисбат ба кормандони радиои мазкур, то ҳанӯз сиёсати муғризонаи ин расонаи хабарӣ зидди манфиатҳои давлативу миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода мешавад. Аз ин рӯ, хеле хуб мебуд, ки фаъолияти ин пойгоҳи хабарии иғвоангез дар кишвари мо қатъ карда мешуд, зеро он бидуни шубҳа таҳдиди ҷиддие дар ростои таъмини амнияти иттилоотии кишвари мост.
Азимҷони Шералӣ,
Муовини директори Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АИ ҶТ
Шарҳ нест