Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 21 феврали соли 2025 Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ба қисмҳои низомии 04533-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ташриф оварда, афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Раиси ноҳия зимни суханронии хеш иброз намуд, ки агар ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ назар афканем, маълум мегардад, ки дар баробари соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи аввалин иқдоми Ҳукумати кишвар, сарфи назар аз ҳама мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ буд.
Бояд қайд намуд, ки Артиши миллии кишвари азизамон дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодӣ таъсис дода шуд. Минбаъд дар натиҷаи таваҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳ тадриҷан устувору қавӣ гардид. Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ буда, маҳз дар ҳамон ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ мегиранд, муҳофизат намудани хоки поки Ватанро меомӯзанд, – таъкид намуд Раиси ноҳия.
Дар ноҳия қисмҳои низомии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолият менамоянд, ки бо афсарони дорои маълумот ва малакаи баланди касбӣ, биноҳои замонавӣ ва таҷҳизотҳои техникии муосир таъмин мебошанд. Қисмҳои низомии 04533 ва сарҳадии 0214 дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ноҳия фаъолона ширкат варзида, дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастиву худшиносӣ саҳми назаррас доранд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонид.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои болидахотирии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия ва дастурхони идона ташкил карда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо афсарону сарбозони шуҷоъву далер бо истифода аз шароити фароҳамгардида манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламон, сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистонро сарбаландона ҳимоя менамоянд.
Шарҳ нест