Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июл Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил мегардад.
Бахшида ба ҷашни касбии оташнишонон 28 июл дар қисми мустақили 67-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Деваштич ҷамъомади ботантана баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода кормандони хадамотро бо иди касбияшон табрику муборакбод намуда дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулият ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу намуд.
Раиси ноҳия нахуст аз раванди таъмин гардидани шароити арзандаи кору хизмати кормандони ин ниҳод ибрози назар намуда, зикр дошт, ки дар замони соибистиқлолии кишвари мабуб бо дастгириву пуштибониои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бари таъмини заминаи моддӣ-техникии сохторои Хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумурии Тоҷикистон, тарбия намудани мутахассисони баландихтисос, фароҳам намудани фазои мусоиди корӣ ташаббусои наҷиб рӯи кор гирифта шуда, ин раванд зери назорат ҳамешагӣ қарор дорад.
Хадамоти оташнишонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июли соли 1928 ташкил гардида, якумин дастаи оташнишонон дар шаҳри Душанбе 1-уми апрели соли 1929 таъсис ёфтааст. Аз солҳои 30-юм сар карда дастаҳои оташнишонӣ дар шаҳрҳои Ленинобод (Хуҷанд), Конибодом, Панҷ, Исфара ва Уротеппа таъсис ёфтанд. Соли 1936 дар пойтахт дастаи дигари оташнишонон созмон дода шуда, худи ҳамон сол дастаҳои дигари оташнишонӣ дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ низ таъсис ёфтанд.
Алҳол дар ноҳияи Деваштич Қисми мустақили 67-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳия фаъолияти пурсамари хизматӣ дорад. Дар ин қисми оташнишонӣ беш аз 29 нафар сўхторнишонони соҳибтахассус фаъолияти пурсамар доранд. Қисми мазкур бо таҷҳизот ва техникаҳои муосир ҷиҳозонида шуда, кормандони ин ниҳод ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Сипас дар вазъи тантанавӣ ба афсарону хизматчиёни пешқадами қисми сӯхторнишонӣ сипосномаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.







Шарҳ нест