Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдат аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли пирони рӯзгор ва шахсиятҳои пешқадам бохабар гардида, онҳоро дастгирӣ менамояд.
Мастура Камолова тӯли умри пурбаракати худ 8 фарзандро ба воя расонидаву тарбия кардааст, ки имрӯз фарзандони ӯ дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд.
Мавсуф соҳиби беш аз 100 набераву абера буда, дар ҳалқаи фарзандон давлатӣ пирӣ меронад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Шарҳ нест