Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо муносибати хуб дошта, ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст.
Дар доираи Стратегияи нави ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Маркази, ки соли 2014 барои солҳои 2014-2020 ба тасвиб расидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро асосан дар бахшҳои тандурусти, маориф ва рушди деҳот ба роҳ мондаанд. Айни замон ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломи ва созмони ифротии Гурўҳи 24 тавассути сомонаҳои ифротиашон аз хабари сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо сўистифода намуда, ба танќиди сафари расмии Роҳбари давлат камар бастаанд ва маълумоти бардурўѓу иѓвоангез ва тафриќаандозро паҳн намуда истодаанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ташкилоти террористии наҳзатиён ва гурўҳи 24 аз ҳар як иќдоми Роҳбари давлат ҳангомасози намуда, аз воќеият сарфи назар мекунанд.
Сафари расмии Роҳбари давлат ба Иттиҳоди Аврупо то андозае ташкилоти террористии наҳзатиён ва гурўҳи 24-ро нигарон кардааст, ки ќабл аз сафари расмии Роҳбари давлат ба иѓвогариву дасисабози машѓул шуда, мехоҳанд бо ин роҳ монеа эҷод кунанд ва сади роҳи ин сафар гарданд. Ташкилоти террористии наҳзатиён аз он хавфу ҳарос доранд, ки ин сафари расми метавонад дар оянда барои онҳо мушкилоти зиёде ба вуҷуд оварад. Чунки дар доираи ин сафари расми имкон дорад тамоми туҳматҳову дурўѓҳояшон барои Иттиҳоди Аврупо ошкор гардад ва онҳоро аз кишварашон хориҷ кунанд. Ташкилоти террористии наҳзатиёнро танҳо кишварҳои Аврупо сарпаноҳ доданд ва онҳо доир ба террористии онҳо ба ќадри кофи маълумот надоранд. Вале онҳо ба ҳадафи нопоки худ намерасанд.
Сафари расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демократи, ҳуќуќбунёд, дуняви ва ташаккули ҷомеаи шаҳрванди устуворона ќадам гузошта, новобаста аз он ки Иттиҳоди Аврупо ба хоинони миллаташ сарпаноҳ додааст, бо онҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро идома медиҳад ва робитаҳои кишварашро бо Иттиҳоди Аврупо аз ќабл дида мустаҳкамтару устувортар мекунад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти чанд нафари наҳзатии террорист ва дар Иттиҳоди Аврупо зиндаги кардани онҳо чандон муҳим нест. Зеро барои миллати тоҷик фаъолияти тахрибкоронаи наҳзатиёни террорист ва Гурўҳи 24 ошкор гардидааст ва ҳеҷ нафаре ба иѓвову дасисаҳои онҳо аҳамият намедиҳад. Барои миллати тоҷик муҳим он аст, ки бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро афзоиш диҳад ва робитаҳоро мустаҳкаму ќавитар гардонад.
Итминони комил дорем, ки Роҳбари давлат дар ин сафари расмии худ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба муваффаќиятҳои назаррас ноил гардида, ба мисли ќабл дар рушду нумўи кишвар саҳми боризи худро мегузорад.
Ёралии Набӣ
Шарҳ нест