Саҳмгузорӣ ба ободии деҳа.

03.04.2019
print

Бахшида ба солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Далёни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол ба истифода дода шуд.

Майдончаи мазкур аз ҷониби соҳибкори деҳа Неъматулло Раҳматов бо маблағи  500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.  Дар ифтитоҳи он раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атҳам Абдуллозода ва раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилояти Суғд Мӯсобек Миработов иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ин иқдом барои тарғиби тарзи ҳаёти солими насли ҷавон басо муҳим мебошад. Раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода ба саҳмгузории соҳибкор Н.Раҳматов барои ободонии деҳа миннатдорӣ изҳор намуда, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич қадршиносӣ гардид.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code