ШАҒАЛПӮШКУНИИ РОҲ – АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ

06.12.2024
print

Дирӯз 4 декабр Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода аз рафти корҳои шағалпӯшкунии роҳи маҳаллии деҳаи Росровут боздид ба амал овард. Зимни боздид ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз зиёда аз 6 километр роҳҳои маҳаллӣ шағалпӯш карда шуда, сокинон ният доранд, ки соли оянда ин роҳҳоро пурра мумфарш намоянд.

Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба ташкилкунандагони ин иқдом шахсан изҳори миннатдорӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи нақша- чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур бо саҳми сокинони деҳа аз ҳисоби соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ гашта истодааст.

Хушбахтона ин гуна иқдомҳо дар саросари ноҳия ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст.

Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти шағалпушкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳо ва ободу зебо гардонидани маҳҳали зисти худ намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос баён намуданд.

Сокинони деҳаи Росровут изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code