Дар асоси дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд намудани кишти картошка дар деҳаи Офтобрӯи Ҷамоати деҳоти Росровут кашидани хатти оби полезӣ бо маром идома дорад.
Зимни шиносоӣ ба Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иттилоъ дода шуд, ки аз сойи Даҳкатсой то деҳаи Офтобрӯ ба масофаи 5 километр қубурҳои обгузар гузаронида мешавад.
Раиси ноҳия дар суҳбат бо сокинони деҳаи Офтобрӯ барои истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани кишти картошка ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маслиҳатҳо доданд.
Сокинон деҳаи Офтобрӯ аз иқдоми неки роҳбарият ва беҳтар намудани дастрасии кишоварзони минтақа ба оби полезӣ хело хушҳол гардида, азму иродаи қавии худро барои баланд бардоштани ҳосилнокии кишти картошка баён намуданд.
Шарҳ нест