Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой

08.07.2020

print
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой шинос гардид.

Лоиҳаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истифодаи самараноки обу замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, ҳарчи бештар ба шуғл ҷалб намудани аҳолӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди зиндагӣ татбиқ гардида истодааст.

Татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой имкон медиҳад, ки ҳазорҳо гектар заминҳои ташналаби ноҳия обёрӣ гардад. Дар  ноҳияи Деваштич заминҳои корам беш аз 36 ҳазор гектар буда, зиёда аз 30 фоизи онҳоро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд, ки асосан барои кишти картошка ва дигар навъҳои сабзавот, полезиҳо ва истеҳсоли меваю ангур истифода мешаванд.

Аз ин лиҳоз, ҳоло масъалаи бо оби полезиву нӯшокӣ таъмин кардани аҳолӣ ва майдонҳои кишт аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷаи ноҳия маҳсуб меёбад. Барои ноил шудан ба ин мақсад танҳо об лозим аст ва бо назардошти муҳимияти ин масъала бо дастгирии Ҳукумати  мамлакат айни замон кашидани хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой идома дорад.

Иқтидори обанбори Даҳанасой 42 миллион метри мукааб аст ва аз ҳисоби борону селҳои мавсимӣ ҳар сол дар он ба ҳисоби миёна то 8 миллион метри кубӣ об ҷамъ мешавад, ки ин миқдор ҳамагӣ 32 фоизи талаботи соҳаи кишоварзӣ ва аҳолиро таъмин карда метавонаду халос.

Аз ин лиҳоз, сохтмони хатти обрасонии Даҳкатсой – Даҳанасой барои рушди иқтисодиёти ноҳия мавқеи ҳалкунанда дорад ва дар сурати бунёди хатти мазкур танҳо дар давраи тирамоҳу зимистон ба обанбори Даҳанасой то 30 миллион метри кубӣ оби Даҳкатсой ҷорӣ мешавад. Захираи оби худҷорӣ метавонад минбаъд дар обёрии заминҳои бекорхобида, картошкапарварӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, истеҳсоли маҳсулоти полезӣ ва ғаллакорӣ истифода гардад.

Барои татбиқи ин лоиҳаи барои соҳаи кишоварзии ноҳия муҳим – шабакаи обрасонии «Даҳкатсой – Даҳанасой» 64 миллион сомонӣ зарур буда, то имрӯз  ба маблағи наздики 10 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд.

Раиси вилоят аснои боздид ба масъулин ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳа, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои анҷоми корҳо ва дар онядаи наздик обёрӣ намудани заминҳои ноҳия супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code