СОКИНОНИ МЕҲНАТҚАРИНИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗРО БОШУКӮҲ ТАҶЛИЛ НАМУДАНД

26.03.2025
print
Наврўз яке аз қадимтарини иди миллии тоҷикон мебошад. Ҷашни Наврўз таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва кўҳинтарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Наврўз иди баҳор ва соли нав аст. Бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо – Наврўз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
22 марти соли равон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Деваштич чорбании идона бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода чорабини фарҳангии идона баргузор гардид.
Сараввал меҳмонон дар даромадгоҳи варзишгоҳи марказии ноҳия бо маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ, таъомҳои милливу либосҳои тоҷикона, бозиҳои варзишӣ ва расму оини маҳаллии сокинони ноҳия ба намоиш гузошта шуда буд, боздид ба амал оварданд.
Дар оғози чорабини Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, кулли иштирокчиёни чорабинӣ ва ҳамдиёронро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврўз табрику муборак бод намуд.
Раиси ноҳия дар суханронии худ, таъкид намуданд, ки кишвари сарсабзу соҳибтамаддуни тоҷик таърихи куҳан дошта, дар доираи расму оинҳо, суннатҳову маросимҳо ва анъанаҳои мардумӣ Наврӯз мавқеи асосиро ишғол менамояд. Ин ҷашни муборак, ки аз ҷониби аҷдодони некному хирадмандамон асос гузошта шудааст, дар масири таърих на танҳо ба мардуми мо, балки ба бисёр халқҳои олам пайки шодиву сурур, бахту саодат, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кор ва зиндашавии табиатро мерасонад.
“-Ин ҷашни бостонию зеборо мардумони бисёр кишварҳои сайёра ҳамчун рамзи бедории табиат, нишонаи ваҳдат, таҳаммулгароиву дӯстӣ ва равобити неки байни халқу миллатҳои дунё таҷлил менамоянд”,- таъкид намуд Раиси ноҳия.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии давлатҳои ҷаҳон Наврўз ин ҷашн ҷаҳонӣ гардид. Иди Наврўзро мардуми меҳнатқарини ноҳия бо руҳбаландии аз ҳидоятҳои созандагию бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардани худ якдилона бо равнақи корҳои боғу саҳро истиқбол менамояд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода дар баромади худ сокинони ноҳияи Деваштичро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврўз, фасли зеботарини сол, бедоршавӣ ва гул-гул шукуфоии табиатро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Қайд гардид, ки имрўз ҷашни Наврўзро аҳли сайёра ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дўстӣ, вусати ободкорию созандагӣ ва робитаи некӣ байни миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд.
-Таҷлили шукўҳманди ҷашни байналмилалии Наврўз моро водор менамояд, ки барои ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосоямон корҳои созадагию ободониро вусъат бахшида, ҷиҳати таъмини зиндагии босаодат ва орому осудаи сокинони кишвари маҳубамон бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем, -қайд намуд муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Зуфар Исмоилзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба самъи ҳозирин расонида, сокинони шарафманди ноҳияи Деваштичро ба ин ҷашни фархунда шодбош гуфтанд ва ба ҳамагон рӯзгори ободу осуда, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу намуданд.
Дар поёни чорабини аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои рангини ҷолиб ҳусни тоза бахшиданд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code