ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

22.02.2025
print

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва бо иштироки мудири шуъбаи кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Шарифзода Ғолибҷон, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корҳонаву ташкилот дар ҷаласаи муаррифии кадрӣ навтаъиншуда доир гардид.

Нахуст, мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода баромад карда, иттилоъ дод, ки мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 феврали соли 2025 ва дар асоси қарори Раиси ноҳияи Деваштич Файзуллозода Насрулло Абдулло ба мансаби муовини раиси ноҳия таъин гардид. Сипас, ҳолномаи Файзуллозода Насрулло Абдулло муаррифӣ гардид.

Зимни мулоқот бо кадри навтаъингардида Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода аз вазъи имрӯзаи мураккабу печидаи сиёсиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароёна ёдовар гардида, зикр дошт, ки кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда бо донишу маҳорати касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон метавонанд дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат намоянд.

Роҳбари ноҳия ба масъулин таъкид намуд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои милливу давлатӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат кӯшиш намоянд ва манфиатҳои давлату миллатро боло гузоранд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суҳбатҳои хеш бо кадрҳои навтаъингардида таъкид менамоянд: «Бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватани худ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад».
Баъди муаррифии кадрии навтаъин масъалаҳои муҳиму ҳалталаби рӯз баррасӣ гардида, дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code