ТАҶЛИЛИ ИДИ САИДИ ФИТР ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

20.03.2026
print
Субҳи 20 марти соли 2026 сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич низ чун дигар сокинони Тоҷикистони озоду обод бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар дар масҷидҳои ҷомеи ноҳия намози Иди саиди Фитрро адо намуданд.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода ба масҷиди марказии ноҳия ба номи “Абӯбакри Сиддиқ” ташриф оварда, кулли намозгузорон ва мардуми ноҳияро бо Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфтанд.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон Иди саиди Фитр ҳамасола дар рӯҳияи идона таҷлил мегардад.
-Дар ин моҳи муборак анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кўмак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти ятимону бепарасторонро мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меорад.
Чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем, муҳимтар аз ҳама, дар чунин шароит ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.
Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир маърифати шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони саховатпешаву ашхоси олиҳиммат нисбати анҷом додани амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ, ки аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст, боло рафта, дастгирии ниёзмандон дар вилоят ба анъанаи нек табдил ёфтааст,- таъкид намуд Раиси ноҳия.
Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати Иди саиди Фитрро ба саҳми ҳозирин расонида, ба ҳамагон рӯзгори ободу осуда, саломатии бардавом ва комёбиву муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҳамзамон ба масҷидҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ташриф оварда, паёми табрикии Раиси ноҳия ба муносибати Иди саиди Фитрро ба самъи сокинони ноҳия расониданд.
Сокинони ноҳия пас аз адои намоз барои рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардоштанд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code