5 декабри соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, собиқадорони ҳизбу меҳнат, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, гирандагони стипендияи Президентӣ, ғолибони озмунҳову мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар фаъолони иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба сухан баромада, тамоми ҳизбиёни ноҳияро ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ зодаи истиқлол вп ҳадафи асосии он, тавре ки Оинномааш муқаррар намудааст, таҳкими соҳибихтиёрии давлат буда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки аъзояшро баҳри мустаҳкам намудани имтиқлоли сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки мардуми ноҳияи зебоманзари Деваштич низ аз рӯзҳои таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамқадам, ҳаммарому ҳаммаслаки ин ҳизб ва роҳбари сиёсатмадори он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Айни замон теъдоди аъзоёни ҳизб дар ноҳия ба 9086 нафар расидааст, ки 4261 нафарашонро бонувон ва 3409 нафарашонро ҷавонон ташкил мекунанд. Соли 2025 барои ҳизбиёни ноҳия соли таърихӣ ба шумор меравад, зеро санаи 12-уми июли соли равон бо иштироки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ бинои хуштарҳу замонавӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ- бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, шароити кории кормандони Кумиҷроияи ноҳиявӣ хеле беҳтар гардид.
Давоми солҳои фаъолияти пурсамар ҳизби мо бо аъзоёни худ, ки аз қисмати пешқадаму фаъоли ҷомеа пазируфта шуданд ва ҷонибдорони сершумораш як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар муайян намудани тақдири Тоҷикистон чун давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши муҳим бозид.
Ҳамзамон, аъзоёни ҳизбро даъват намуд, ки мо ҳизбиён бо иқдомҳои созанда ва барномаҳои воқеии ҲХДТ мардуми диёрро барои ободониву шукуфоии Тоҷикистони азиз муттаҳиду сафарбар намуда, зери шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” дар оянда низ нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона месозем.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ барои амалӣ гардонидани сиёсати созандаву ободкоронаи ҲХДТ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои созандаи ҳизб, фаъолони ҳизб ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” баҳри амалӣ намудани Оинномаву Барномаи ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он ҳиссаи арзанда гузоштанд, бо Сипосомаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кумиҷроияи ноҳиявӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дар охир барномаи консертии омоданамудаи санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия анҷомбахши чорабинӣ гардид.























































Шарҳ нест