Ҳамасола санаи 7-уми декабр Рўзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад, ба ин муносибат санаи 6 декабр бо ишироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомад баргузор гардид.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли кормандони раёсати Вазорати молия дар ноҳия ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии иди касбӣ – Рўзи кормандони мақомоти молия табрику таҳният гуфта, барояшон тани баофият, хотири ҷамъ ва дар иҷрои вазифаи пурмўҳтаво ва бомасъулият комёбиҳо таманно намуд.
Таъкид гардид, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти штатию молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён маҳсуб мешаванд.
-Саҳми кормандони Раёсати вазорати молия дар ноҳияи Деваштич дар татбиқи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дар сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия хеле назаррас мебошад,- иброз дошт Раиси ноҳия
Зикр гардид, ки кормандони Раёсати Вазорати молия дар ноҳия вазифаи хизматӣ ва уҳдадории мансабиашонро муваффақона иҷро мекунанд ва дар пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳи ҳаёти бошандагони ноҳия ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Сипас ба якчанд нафар кормандони Раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Деваштич бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.
Сардори Раёсати вазорати молия дар ноҳия Дилафрӯз Баҳодурзода бо баробари муборакбодии ҳамкорон ва изҳори сипос барои таваҷҷуҳ ба раиси ноҳия, ҳамзамон изҳор дошт, ки минбаъд низ Раёсат барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳияи Деваштич маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.
Шарҳ нест