Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ба ин санаи фархунда, яъне 23-ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматҷонзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорону фаъолон, омўзгорон, хонандагон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва стипендияи Раиси ноҳия иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Нахуст, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода баромад намуда, кулли ҳамватанонамонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки “Эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ таҳрир ва қабули рамзҳои давлатӣ, ки ифодагару инъикоскунандаи Истиқлолият мебошанд, ба миён овард.
Санаи 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъаларо “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дод ва пас аз тасдиқи Низомнома Тоҷикистон соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ-Парчами давлатӣ гардид”.
Қайд карда шуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бошад, нишони ифтихор аз давлатдории имрӯза, эҳтироми бепоён ба гузаштаи пурифтихори миллат, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва таъмини мавқеи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвари азизамон, шаҳри Душанбе дар пояи 165 метр бунёд гардидааст, ки баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад ва ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардидааст.
“-Паравшон гардидани парчам нишони давлатдорӣ буда, аз устувории пояи ваҳдату иттиҳод ва якдилии сокинон шаҳодат медиҳад. Эҳтироми парчам, эҳтиром нисбат ба миллат, ба таърих ва дигар муқаддасоти кишвар аст. Барафрохта шудани парчам дар ҳар нуқтаи марзу бум далели сарбаландӣ ва шаъну шукӯҳи миллат аст”, -таъкид намудаанд Раиси ноҳия.
Баъди суханронии Раиси ноҳия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматҷонов Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокчиён расонид.
Парчам барои мо чун рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ эътироф гардида, нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.
Ба ин маънӣ, Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.
Дар фарҷом ҷиҳати болидахотирии иштирокчиён аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.
Шарҳ нест