Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ба ин санаи фархунда, яъне 22-ноябри соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мудири шӯъбаи дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Худойдодзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, собиқадорону фаъолон, омўзгорон, хонандагон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва стипендияи Раиси ноҳия иштирок намуданд.
Чорабинӣ ба толор даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Нахуст, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода баромад намуда, кулли ҳамдиёнро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ таҳрир ва қабули рамзҳои давлатӣ, ки ифодагару инъикоскунандаи Истиқлол мебошанд, ба миён овард.
Мавриди зикр,аст, ки санаи 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъаларо “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дод ва пас аз тасдиқи Низомнома Тоҷикистон соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ-Парчами давлатӣ гардид.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бошад, нишони ифтихор аз давлатдории имрӯза, эҳтироми бепоён ба гузаштаи пурифтихори миллат, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва таъмини мавқеи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвари азизамон, шаҳри Душанбе дар пояи 165 метр бунёд гардидааст, ки баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад ва ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардидааст.
– Паравшон гардидани парчам нишони давлатдорӣ буда, аз устувории пояи ваҳдату иттиҳод ва якдилии сокинон шаҳодат медиҳад. Эҳтироми парчам, эҳтиром нисбат ба миллат, ба таърих ва дигар муқаддасоти кишвар аст. Барафрохта шудани парчам дар ҳар нуқтаи марзу бум далели сарбаландӣ ва шаъну шукӯҳи миллат аст”, -таъкид намудаанд Раиси ноҳия.
Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мудири шӯъбаи дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Илҳом Худойдодзода паёми табрикии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи иштирокчиён расонид.
Ҷиҳати болидахотирии иштирокчиён аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.





















Шарҳ нест