ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

22.02.2025
print
Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 23 феврал – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат санаи 21 феврал дар Қасри фарҳанги ба номи А.Рудакии ноҳия ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, собиқадорони соҳа, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва фаъолони ноҳия доир гардид.
Ҷамъомади тантанавӣ бо даровардани Парчами милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Нахуст Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон тансиҳатию умри дароз, бахту саодати рўзгор, файзу баракати бешумор ва дар ҷодаи фаъолияти пуршарафу ватандўстонаашон барору пешравӣ ва комёбиҳои нав ба навро таманно карданд.
Артиши миллии кишвари азизамон дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодӣ таъсис дода шуд. Минбаъд дар натиҷаи таваҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳ тадриҷан устувору қавӣ гардид.
“Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ буда, маҳз дар ҳамон ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ мегиранд, муҳофизат намудани хоки поки Ватанро меомӯзанд”, таъкид намудан Раиси ноҳия дар баромади худ.
Чи хеле ки Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “бо назардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба масъалаҳои навсозӣ намудани Қувваҳои Мусаллаҳ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, ноҷоя шомилшавии ҷавонон ба ҳаркатҳои ифротгаро ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар маҳалҳо вохӯриҳо доир намуда, баҳри огоҳӣ намудани ҷавонон аз ин амалҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда меоянд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода баромад намуда, паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони мақомоти ҳифзу ҳуқуқ, Сипосномаю медалҳои ҷашнӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, қадрдони гардонида шуд.
Дар охири чорабинӣ ҷиҳати болидахотирии иштирокчиён аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code