Терроризм – доғе дар ҷомеаи ҷаҳонӣ

08.10.2020

print
Яке аз мушкилҳое, ки имрeз xомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ривоҷ пайдо кардани падидаҳои терроризму экстремизм мебошад, ки барои амнияти мардум ниҳоят хатарзо мебошад. Мутаассифона, ба ин ҳаракату гурӯҳҳои тундгаро бештар ҷавони ҳанӯз мавқеъи сиёсиву иxтимоӣ пайдо накарда ва раҳгумзадагони нохудогоҳ гароиш доранд. Имрeз бисёре аз xавонон ва шаҳрвандон аз ҳадафҳои асосии гурeҳҳои ифротгаро бехабаранд. Ба қадри арзишҳои муқаддасе, чун истиқлолияту давлатдории миллӣ намерасанд. Дарк намекунанд, ки ҳифзи марзу буми Ватан, оромиву осудагии мардум ва ифтихор аз давлату миллати хеш барои ҳар инсони бонанг шарафу номуси ватандорӣ мебошад. Сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуби номбурда дар он аст, ки ҷавонон аз маърифати ҳуқуқӣ бебаҳра буда, ҳатто пас аз таҳсил дар мактабҳои олӣ аз донишҳои арзишҳои худшиносии миллӣ маъсулияти ватандорӣ ва монанди он бенасиб мемонанд ва дар натиҷа ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мегарданд. Тайи солҳои охир падидаҳои номатлубу хатарзоҳоеро бо номи ифротгароӣ, терроризм, даҳшатафканӣ, зӯроварӣ, экстремизм, фундаметализм ном мебаранд, ки башариятро ором гузошта наметавонанд. Бесабаб нест, ки дар иртибот ба ин падидаи оламсӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд:
-Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.”
Оре. Бешак, инсоният дар асри ХХI ба зуҳуроти хатарҳое мубтало шудааст, ки барои аз байн бурдан ва решакан намудани онҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар якҷоягӣ мубориза баранд ва сайёраизаминро аз ифротгароён поксозӣ намоянд.
Терроризм, мутаассифона, дар минтақаҳои гуногун, хоса Ховари Миёна, Афғонистон, Покистон ва ҳатто Аврупо доман зада, хатари бузурги иҷтимоӣ – сиёсиро барои амнияти кишварҳо эҷод кардааст. Чунон ки дар боло зикр шуд, ифротгароӣ ва терроризм дар ибтидо асосҳои маънавии ҷомеаро хамроҳ менамояд. Ин зуҳурот бо амалҳои ғайриинсониашон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дин, фарҳанг, расму ойин, сиёсат, илм, фарҳанг ва идеология таъсири манфӣ мегузаронад. Мавриди зикр аст, ки дар таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд. Онҳо ин андешаҳои нопокро бештар миёни ҷавонони тиҳимағзу беҳуввият, ки ба қавле, дeстро аз душман фарқ намекунанд, мехоҳанд интишор намоянд ва эшонро ба доми хеш афкананд.
Дар холи ҳозир гурeҳҳои террористии ба ном «Давлати Исломӣ» (ДИИШ), «Толибон», «Боко – ҳарам», «Ал- Қоида», «Ҳизб-ут – таҳрир», ва ғайра дар амал мебошанд, ки бо ғаразҳои нопокашон ҷаҳонро ба хатари ҷиддӣ кашиданд. Вазифаи муқаддаси ҳар як волидайн ва омӯзгору ҷомеа дар Тоҷикистон ин аст, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва марзу буми Ватани азиз, ки исмаш Тоҷикистон аст, мубориз бошанд. Бешак, агар дар ин росто дар якxоягӣ содиқона пушти амалҳои хайр бошем, даст ба ҳам додаву коми насли наврас ва ҷавонро аз илм ва маърифату аҳлоқ сероб намоем, он гоҳ бо боварӣ метавонем гуфт, ки ҳеҷ сиёҳкоре наметавонад иродаи матини моро бишканад.
Гулноза Оқилова, омӯзгори МТМУ № 10

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code