Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Барномаи оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ амалӣ мегардад, ташкил карда шудааст.
Ҳадафи асосӣ аз баргузор намудани тренинги мазкур, ин баланд бардоштани малакаву дониши аъзоёни гурӯҳи кории ноҳиявӣ оид ба раванди банақшагирии стратегии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва арзёбии ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва паст намудани хавфи онҳо, ҳангоми таҳияи барномаи рушди ноҳия барои солҳои 2021-2025 мебошад.
Дар тренинг аъзоёни Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия, масъулини сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ ва мутахассисони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Меҳмонон, доир ба қоидаҳои баҳисобгирии дурусти имкониятҳои дохилӣ, интихоби стратегияи рушди соҳаҳои афзалиятнок, ҷалби сармоя, таҳияи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳавӣ ва ба барномаи рушди ноҳия ворид намудани онҳо ба иштироккунандагон, ки дар раванди таҳияи барнома бевосита иширок менамоянд, суханронӣ намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби мамлакати кӯҳсор буданаш мунтазам дучори офатҳои табиӣ мегардад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё ва 276 адад сойҳо бо дарозии умумии қариб 30 ҳазор км мавҷуданд, ки аксарашон дарёҳои хатарангез ба ҳисоб мераванд. Ин захираи бузурги обӣ, баробари фоида ба мамлакат ҳамасола хисороти калони молиявию ҷонӣ мерасонад. Ҳар сол дар мавсими баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва боришоти зиёд боиси обхезӣ, ярч ва омадани сел шуда, дар натиҷа ба иқтисодиёти кишвар ҳисороти калон мерасонад.
Минтақахое, ки ба селҳо нисбатан зиёд дучор мешаванд, ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу, Варзоб, Кофарниҳон, Хонақо, Қаратоғ, Зарафшон, Исфара, Хоҷабакирғон ва сойҳои калони ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Темурмалик, Шамсидини Шоҳин, Деваштич, Ашт, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Шаҳристон ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Дар маҷмӯъ дар ҳавзаҳои мазкур ба ҳисоби миёнаи бисёрсола то 70 маротиба селу обхезиҳо мегузарад.
Дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон ва Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ татбиқ гардида истодааст.
Дар чорчӯбаи татбиқи лоиҳаи мазкур таҳлил ва арзёбии ҳамаҷонибаи хавфи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи таҳлил ва арзёбии мазкур Платформаи махсус таҳия карда шудааст, ки таввасути он маълумоти хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷамоатҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои идоракунӣ ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ва инчунин харитаҳои мавзеъҳое, ки ба онҳоэҳтимолияти таҳдиди офатҳои табиӣмавҷуд аст, дастрас карда мешаванд. Маълумотҳои хавфи офатҳои табиӣ дар хусусиятҳои ҳафт нишондодҳои офатҳои табиӣ гидрологию метеорологӣ ва геологию табиӣ таҳия шудаанд, аз ҷумла: обхезӣ, омадани сел, заминларза, хушксолӣ, шамол, фаромадани ярч ва тарма.
Эҳтимолияти таҳдиду ҳисоротҳои солона тибқи Платформа аз ҳисоби панҷ нишондодҳо арзёбӣ карда шудааст, аз ҷумла: шумораи биноҳо, шумораи одамон, масоҳати иншоотҳои сохтмонӣ, масоҳати заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои мошингард.
Ҳамзамон дар асоси чунин нишондодҳои ҳолатҳои фавқулодда, пешгуии арзёбии таъсир, арзёбии осебпазирӣ, арзёбии талафот ва хавфҳо дар сатҳи бисёрсолаи миёна такроршавии ҳолатҳои фавқулодда дар оянда гузаронида шудааст, ки ин барои таҳия намудани нақшаҳои пешгирӣ ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Айни ҳол аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, барои таҳияи Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Деваштич, Спитамен, Ҷабор Расулов ва Б. Ғафуров барои солҳои 2021-2025 мусоидат намуда истодаанд.
Бо сабаби он, ки ноҳияҳои мазкур дар минтақаи хавфноки офатҳои табиӣ ҷойгир шудаанд, арзёбии хавфи офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои мазкур таввасути Платформаи арзёбии ҳамаҷонибаи хавфи ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуда, дар асоси натиҷаҳои он нақша чорабиниҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таҳия шуда истодаанд, ки ин бевосита ба Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳо ворид карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ дар тренинги мазкур 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, махсусан аъзоёни гуруҳи кории ноҳия ва зергурӯҳҳои соҳавӣ, аз ҷумла 8 нафар занҳо иштирок карданд. Маводҳоитренингбозабонитоҷикӣ омода шуда, чорабинӣ бо истифодаи усули омӯзиши интерактивӣ баргузор карда шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани тренинг, тавассути ташкил намудани корҳои амалӣ дар гурӯҳҳо, иштирокчиён оиди марҳилаҳо ва принсипҳои банақшагирии стратегӣ, таҳияи барномаи рушди ноҳия ва арзёбии ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва паст намудани хавфи онҳо маълумоти муфассал гирифта, нерӯи зеҳнӣ ва малакаи касбии хешро оиди масъалаҳои зикршуда, тақвият доданд.
Шарҳ нест