Аз куҷое, ки ба ӯ пули калон пешниҳод кунанд, ба ҳамонҷо майл мекунад. Барои худойдодова боиси шарм аст, ки аз нишастан дар хона ё инки хизмат кардан дар ватани худ даст кашида дар хориҷа ба корҳои наматлуб ва фасодӣ машғул мебошад.
Занонро бас аст, ҳамин як ҳунар,
Ки шинанду зоянд, шерони нар.
Зан буданашро аз хотир бароварда меҳру муҳаббатӣ пул дар мағзаш ҷой гардидааст, ки бо додани пули муфт ҳама корро тайёр аст, анҷом диҳад. Маблағҳои ҳароми ба дастовардааш ӯро ба роҳе бурдааст, ки номус, виҷдон ва танашро бифурушад. Инро фаромуш набояд кард, ки номусфуруш Шабнам Худойдодова дар миёни ватанфурушон, гурезаҳо ва ҳаромхурони калони наҳзатӣ М.Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконашон қарор дорад. Ш. Худойдодова Ҳушдор бояд шавад, ки ТТЭ ҲНИ ба ҳар тараф майл шудан мумкин аст. Пояшро ба онҳо дароз кунад, даст ба дасти шаҳрвандони кишварҳои хорҷӣ мегардад, ки оқибати даҳшатборе ба сараш хоҳад овард. Тавре дар боло зикр шудааст, ҳар як марду зани тоҷикро зарур аст, ки зиракиашонро аз даст надиҳанд. Фирефтаи наҳзатиҳо дар ҳама ҷо шудан мумкин аст.
Зеро онҳо дар аввал шахсро ба худашон моил карда ҷалб сохта дар охир ба ботлоқи сохтаашон мепартоянд, ки аз он баромадан хеле душвор мебошад. Ин наҳзатиҳо дар хориҷа ғайр аз ифротгарои ба кори дигаре машгул намешаванд. Аз ҳуқуқ ва тартибот сухан мегууянд, инчунин ба корҳое машгуланд, ки хатари калонро болои мо мардуми орому осуда меорад. Барои ҷалб хуш суханиу ҳурмату эҳтиромро пеша мекунанд, то вақте, ки гиритори онҳо мешавӣ ва баъди ба мақсадашон расидан, лухтаки дасти онҳо мешавӣ.
Фирдавс Каримов, таҳлилгар
Шарҳ нест