Вокуниш ба мақолаи рӯзномаи «Тоҷикистон» №21 (1324) аз 22 майи соли 2019 «Деваштич ба куҷо менигарад?»

10.06.2019

print
Маводи чопшуда дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, далелҳои зерин барои равшанӣ андохтан ба асли масъала пешниҳод карда мешавад. Шаҳрванд Абдуллоева Зайнура Атавуллоевна – дар деҳаи Равоти Ҷамоат деҳоти Ваҳдат санаи 03.04.1982 ба дунё омадааст. Соли 2007 бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ бо шаҳрванд Урунов Абдувоҳид Ҷӯраевич сокини деҳаи Қалъаи Дӯст оила барпо мекунад. Бале, бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ. Шавҳари Зайнура-Ӯрунов Абдувоҳид моҳи январи соли 2015 бо маводи мухаддир ба даст афтода, бо моддаи 200 қисми 4 аз озоди маҳрум мешавад. Дар боло қайд кардем, ки ин оила бидуни бе ба қайд гирифтани ақди никоҳ барпо карда шудааст. Имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин ба чунин хатогӣ роҳ додани волидон ва оилабарпокунандагон мебошад. Зеро маҳз аз ҳамин сабаб ягон мақомотҳои ҳуқуқӣ ба Зайнура аз рӯйи даъво аз хонаводаи шавҳараш қисматеро ҷудо карда наметавонад. Бо вуҷуди ин дар давоми зиёда аз 4 сол дар маҳбас будани шаҳараш муроҷиатҳои чандинкаратаи Зайнура дида баромада шуда, чораҳои мушаххас андешида шудааст. 1. Дар соли 2015 ва моҳҳои январ-феврали соли 2016 борҳо бобати ба муросо андохтани Абдуллоева Зайнура бо хушдоманаш-Урунова Хосият корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи фаъолони Ҷамоат бурда шудааст. Аммо ҳар дафъа тарафҳо ба ҳам ҷанҷол мекарданд ва номуросогӣ боиси аз ҳуш рафтани хушдоманаш Урунова Хосият мегардид. Зеро, худи Абдуллоева Зайнура аввалин шуда ҷанҷолу хархаша мекард ва ба аъзои оилаи Уруновҳо таҳдид карда мегуфт, ки «ҳамматонро бо табар зада мекушам». Ин ҳолатро надоштани ягон ҳуҷҷати оиладорӣ мушкилтар мекард. Баъди ҷанҷоли пайвастаи Зайнура бо аҳлу оилаи шавҳар ва волидони худ танҳо ду рӯз дар қабристони деҳаи Хӯҷаҳо зиндагӣ карду халос. На оне, ки як, ду, се ё чор сол бошад. 2. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич соли 2015 ду мароти ба Зайнура Абдуллоева ва фарзандонаш бо мақсади муваққатан ҷойгир намудани онҳо дар Маркази «Гулрухсор» дар шаҳри Хуҷанд бурда шуданд. Ҳар ду дафъа Зайнура аз хизматрасонии марказ даст кашид. 3. 13 августи соли 2015 бо дастгирии Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва бахши САҲШ-и ноҳия ба фарзандони Зайнура Абдуллоева, -Абдуллоева Парвина Абдувоҳидовна соли таваллудаш 29 октябри соли 2008 ва ба -Абдуллоева Гулзира Абдувоҳидовна соли таваллудаш 14 январи соли 2014 шаҳодатномаи таваллуд дода шудааст. Ба Абдуллоева Парвина шаҳодатномаи рақами АА№2181686 ва Абдуллоева Гулзира шаҳодатномаи рақами АА№2181687дода шуд. (замима сохтем). Бинобар ба қайд кардаи рӯзноманигор «Парвинаи 11-сола то ҳол шаҳодатномаи аваллуд надорад» беасос дониста машавад. Қайд карданием, ки волидони дар давоми 7 соли оиладорӣ на аз сабти никоҳ гузаштаанду на барои фарзандонашон шаҳодатномаи таваллуд гирифтаанду кӯдакон дар насаби модарашон қарор доранд магар мақомот гунаҳгор аст? Имрӯз мақомотҳое ки ба фарзандони Зайнура шаҳодатномаи таваллуд дод, онҳоро ҳамеша зери назорати доимӣ қарор медиҳад, магар ин беинсофию туҳмат нест? Аз соли 2016 то ин дам аз тарафи намояндагони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, Шӯрои маҳаллаи деҳаи Қалъаи Дӯст ва шахсони саховатпеша, борҳо кӯмакҳои пулӣ ва ғизоӣ расонида шуда истодааст. Барои гузаронидани зимистон ангишт, аз ҷониби Масҷидҳои деҳа курпачаю қолин ба Зайнура дода шуд. Мағозаҳои тиҷоратӣ ва мардуми деҳа ба хотири гурусна намондани фарзандони Зайнура пайваста дар кӯшиши таъминоти онҳоянд. Аҳолии деҳа онҳоро гуруснаву хор шудан намемонанд. Аммо тақдири ояндаи кӯдакони Зайнура аҳолии деҳаро ба ташвиш меорад. 4. Моҳи сентябри соли 2015 духтари Зайнура яъне Парвина мебоист, ки а синфи якум мерафт. Аммо худи модар ба таҳсили фарзанд парвое надораду зидди таҳсили фарзанди хеш аст ва мегӯяд, ки «ӯ хонда чӣ мешавад». Ба Зайнура борҳо аз ҷониби масъулин ва хешовандони шавҳараш аммаи Парвина Табаррук, ки мехостанд ба тарбияи худ гиранд. Инчунин аъзоёни Шӯрои маҳаллаи деҳаи Қалъаи Дӯст барои харидории либосу ашёҳои хониши Парвинаро ба зима гирифтанд. Бар ивази ин ғамхориҳо Зайнура бошад сади роҳи таҳсили духтараш гашт. 5. Моҳи ноябри соли 2015 Зайнура ҳамроҳи модараш Гулсун Абдуллоева ба Ҷамоат ташриф оварда хоҳиш намуданд, кидар ҳавлии падараш барои истиқомати муваққатӣ як ҳуҷраи алоҳида ҷудо карда шудаасту бинобар набудани палос ва дигар лавозимотҳо аз хонаи хушдоманаш Хосият Урунова гирифта дода шавад. Масъулини Ҷамоат дар якҷоягӣ бо нозири минтақавӣ Муним Файзиев ин муамморо низ ба таври мусбӣ ҳал намуданд. Зайнура бошад, номуросогиро дар хонаи волидон низ идома дод. Ба тозагӣ риоя намекарду бо янгаҳояш ҷанҷол мекард. Зайнура дар охир аз хонаи падар ҳам баромада рафт. Акнун дар хонаи падар ва шавҳар барои Зайнура дигар ҷой нест. Баъдан худи ҳамон моҳ, яъне моҳи ноябри соли 2015 масълини Ҷамоат ва нозири минтақавӣ барои муваққатан умр ба сар бурдани Зайнура ва фарзандонаш дар фасли сармо ҳуҷраеро бо розигии роҳбарият дар Литсейи касбӣ-техникии ҷудо карда шуд. Аз ҷониби масъулини Ҷамоат ва Шуъбачаи милитсияи минтақавӣ бо маводҳои хӯрока ва печи аловӣ таъмин гардид. 6. Барои аз таҳсил дур намондани Парвина ва таъмини шароити беҳтар моҳи ноябри соли 2016 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Ваҳдат Зайнура бо фарзандонаш дар Маркази ёрии иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир карда шуд. Маъмурияти муассисаи мазкур ба онҳо як ҳуҷраи алоҳида ҷудо намуда, бо ҷойи кор (фаррош) таъмин намуд. Аммо Зайнура дар зарфи 4 рӯз ба сари онхо ташвишҳои зиёд оварда, рӯзи чорум зуран аз он ҷо низ баромада меравад. Масъулини Муассисаи таълимоти миёнаи умумии №50 ва №12 борҳо бо иштироки нозироти минтақавӣ барои ҷалби Парвина ба мактаб омаданд. Ҳатто соли хониши ҷорӣ зӯран ӯро ба синфхона бурда шинонданд, то аз таҳсил намонад. Аммо Зайнура бо баҳонаи он, ки духтарам бо аз худаш хурдсолон дарс хондан намехоҳад гӯён ӯро аз мактаб гирифт. Ба таҳсил фаро гирифта нашудани Парвина айби ҳукумат аст ё айби масъулини Ҷамоат ва муассисаҳои таълимӣ ё ин ки айби Зайнура аст? 7. Соли 2017 бо дастгирии мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия духтари калонии Зайнура – Абдуллоева Парвина Абдувоҳидовна ба хонаи бачагони шаҳри Хуҷанд ҷойгир карда шуд. Аммо, пас аз як ҳафта Зайнура ҳафта бо кормандони муассисаи мазкур ҷанҷол карда духтарашро гирифта меорад. Чопи мақолаи мазкур барои мақомоти иҷроияи ҳокимяти ноҳияи Деваштич аз як тараф бо сарлавҳаи ҷалбкунандаи «Деваштич ба куҷо менигарад» боиси норизогӣ гашта бошад, аз тарафи дигар имкон дод, то барои як нафар зану ду кӯдаки ӯ амалҳои ба анҷомрасонидашударо бозшуморӣ намояд. Деваштич аҳолии зиёд дорад, ҳар як шаҳрванди ин маҳал таҳти ҳимояи ноҳияву вилояту ҷумҳурӣ мебошанд. Минбаъд низ дар самти ба таҳсил ҷалб намудани Парвинаи 11 сола чораҳои ниҳоӣ андешида мешавад. Ба Зайнура ҳамин қадар имконияти фикркунӣ барои таҳсили фарзандаш кифоя аст, зеро Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар талълиму тарбияи фарзанд» инкори ӯро тамоман маҳкум мекунад. Имрӯз аз таҳсил дур мондани фарзандаш боиси як муаммои Зайнураи нав мегардад. Маводи шикоятӣ ин маънои онро надорад, ки як ду далели кӯчагиро ҷамъовариву нашр созӣ, тамом. Барои ҳар як гуноҳи ноҳақ қонун ҷазо муқаррар карда аст. Аммо барои далелҳои хатову носанҷидаи рӯзноманигорон худи «Қонун дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва дигар санаду меъёрҳо чӣ ҷавобгариро пешбинӣ намудааст. Чӣ мешуд, ба куҷо нигаристани Деваштичро рӯзноманигор омада, аз худи масъулон яъне Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия савол мекарду ба мақолааш таҳлили дақиқро ворид менамуд. Мо инкор намекунем, муаммо воқеан ҳалталаб аст, аммо он дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад. Зеро падари кӯдакон, ки ҳар шаш моҳ як маротиба ба деҳа меравад, ба тарафи кӯдадону занаш наменигарад, аммо Зайнураро ҳукумат ва аҳолии нозбардор аст. Инро вазифа ва қарзи шаҳрванди меҳисобем. На оне, ки гӯё ҷавонони Қалъаи Дӯст ба Зайнура ҳар гуна гапҳои ноҷо мезанад. Баракс барои Зайнура ва ду фарзандаш аксарият аҳолии деҳа ғамхору ғамшарик ҳастанд. Инчунин дар мақола омадааст, ки хоҳиши ягонаи Зайнура ин гирифтани замини наздиҳавлигӣ мебошад. Айни ҳол Зайнура дар дафтари баҳисобгирии хоҷагии деҳаи Қалъаи Дӯст дар китоби 5/64 саҳифаи 6, ки сардори хоҷагии шавҳараш Урунов Абдувоҳид мебошад ба қайд гирифта шудааст. Хоҷагии мазкур дар ихтиёраш 0,16 га замини назди ҳавлигӣ дорад. Ба ӯ борҳо гирифтани заминро аз шаҳраки навбунёди Баҳористон таклиф карданд, аммо Зайнура розӣ нашуд. Шароити Зайнураро ба ҳисоб гирифта, 12 сентябри соли 2017 бо қарори Раиси ноҳияи Деваштич ҳамчун эҳтиёҷманди қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба қайд гирифта шуд. Баъдан 15 сентябри соли 2018 дар қатори 8 адад оилаҳои ба замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷдошта, аз ҷумла Зайнура тариқи қуръапартоӣ дар тарҳи 11-и деҳаи Қалъаи Дӯсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдат замин вобаста карда шуд. Аммо Зайнура бошад аз он ҷойи замин ҷудо карда шуда норизо аст. Вақте ӯ замини додашударо гирад барои сохтмони хонаи истиқоматӣ шахсони саховатпешаи деҳаи Қалъаи Дӯст, Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дастаҷамъона кӯмак мекунанд. Айни ҳол Зайнура дар яке аз ҳуҷраҳои чойхонаи деҳаи Қалъаи Дӯст зиндагӣ мекунад ва аз шароити зисташ фаъолони деҳа ва масъулини Ҷамоат хабардор ҳастанд. Имрӯзҳо дар ҷомеа занони зиёдеро дучор омадан мумкин аст, ки шавҳари худро аз даст додаанд, ё ҷудо шудаанд, ё саробони оила онҳоро партофта рафтааст. Каманд нафароне, ки аз ин сон имконияту дастгири чун Зайнура бархурдор мегарданд. Аммо, онҳо дар мадди аввал солимии фарзандон, таҳсилу ояндаи кӯдаконашонро гузошта, ба пеш ҳаракат мекунанд. Шароити зиндагии Зайнураро дида, кас ба худ меандешад, ё ҷамъият ӯро чунин шикоятчиву тайёрхӯр кардааст! Ба кор кардан умуман шавқе надорад. Зайнураро ҳангоми дар муассисаҳои воқеъ дар маҳалли истиқомтиаш барои фаррошӣ ба кор даъват менамоӣ ӯ хоҳиши кор карданро надорад. Дар ҳуҷрааш новобаста аз кӯмакҳои пулӣ ва молӣ ба ягон тароват на тозагӣ, ба кӯдаконаш низ эътибори хоса намедиҳаду сабабгори афсудаҳолии онҳо аст. Ба масъулини Ҷамоат мегӯяд, таҳсили духтарамро монед, ӯ бо бачаҳои аз худаш хурдтарак намехонад, агар илоҷаш бошад шавҳарамро аз ҳабс озод кунонед! Магар ин мункин аст! Ӯ сарфаҳм намеравад. Аммо хушбахт шудан мехоҳад. Бе қайди никоҳ оиладор мешавад, аммо бахт мехоҳад, фарзандонаш насабро аз ӯ мегиранд, ба таҳсилашон монеа мешавад, аммо қалби ӯ чиро мехохад. Дар ба дару сарсониашон боис шуда, аз имкониятҳо даст мекашад. Аз чандин имкониятҳо даст кашидани Зайнура сабаб дорад, ӯ бо исрори модараш Гулсун бояд соҳиби замини мувофиқ шавад. Барои ҳамин давраи кӯдакии фарзандонашро, давраи ширини ҳаёти онҳоро қурбонӣ карда истодааст. Имрӯз ба тақдиру таҳсили онҳо кӯшиш намекунад. Имрӯз Зайнура ҳаёташро ба рӯзноманигорон нақл мекунаду онҳо қисса месозанд ва мо вокуниш нишон медиҳем. Оянда ба амалҳои худ ва тақдири фарзандонаш худи Зайнура чӣ гуна вокуниш менависад. Бехонагии ӯ ҳатман ҳалли худро меёбад. Зеро бе нашр кардани мақолаҳои «Зиндагӣ дар қабристон: сарнавишти шӯри-шӯри Зайнура ва ду кӯдаки ӯ» санаи 05.05.2019 ва «Зайнура бо ду кӯдакаш дар қабристон зиндагӣ мекард» дар сомонаҳо ва шабакаи иҷтимоии фейсбук ва мақолаи рӯзноманигор Фарзона Муродӣ дар рӯзнонаи «Тоҷикистон» №21 (1324) аз 22 майи соли 2019 «Деваштич ба куҷо менигарад?» ҳама огаҳ ҳастанд, ки Деваштич 4-5 сол ин ҷониб ба Зайнура менигарад. На бояд рӯзноманигор бе санҷиш ва таҳлил ҳамагуна иттилоотро рӯйи чоп оварад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code