Тавре маълум аст, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр иди касбии омӯзгорон таҷлил карда мешавад. Дар робита Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода дар шаҳраки Ғончӣ чанде аз собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард. Раиси ноҳия аз ҷумла Маъруф Орипов – собиқ омӯзгори фанни математика, Гавҳар Саломова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, Муборак Маърупова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, аёдат намуда, онҳоро бо иди касбиашон табрик гуфт. Таъкид карда шуд, ки нақш ва саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврасу ояндасоз ва дар руҳияи ватандустиву меҳнатдӯстӣ тарбия намудани онҳо назаррас аст. Ҷоннисориву азхудгузаштанҳои омӯзгорон аст, ки инсониятро ба сӯи ояндаи нек раҳнамоӣ месозад ва ҳамин муаллимонанд, ки чароғи илму маърифатро фурӯзон нигоҳ медоранд. Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки дар пайравӣ аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити моддиву маънавии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ мекунад. Ҳамасола ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои “Беҳтарин муассисаи таълимӣ” “Беҳтарин муассисаҳои таълимии томактабӣ”, роҳхати ройгони омӯзгорони пешқадам ба осоишгоҳ баёнгари дастгириҳои…
Ҳамдиёрони азиз! Омӯзгорони арҷманд! Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, ба ҳамдигар алоқаи зич дорад. Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда, ба воситаи забон шинохта шудаанд. Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои бузург гузаштааст, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебо бо захираҳои ғаниву рангин бароямон мерос мондааст. Забон бузургтарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишоне барои халқу миллат аст”. Аз ин рӯ, маҳз забони тоҷикӣ аз вуҷуд доштани миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷикро дар олам бо номи Тоҷикистон муаррифӣ менамояд, зеро бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва осори илимиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия…
1-уми октябри соли равон дар майдони “Боғи Парчами давлатӣ” шаҳраки Ғончӣ маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими гусели наваскарон Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини Раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода қайд намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад. -Мову шумо хуб медонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллат ва бақои давлат аст. Тақдири амнияти Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дасти шумо, фарзандони азиз, ки пас аз қабули савганди ҳарбӣ ин…
Санаи 25-уми сентябр дар деҳаи Обиборики Ҷамоати деҳоти Далёни Боло маросими супоридани бинои аз нав барқароркардашуда баргузор гардид. Он ба муносибати истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон бахшида шуда, бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба истифода дода шуд. Бунгоҳи саломатии деҳаи Обиборик аз ҳисоби шахсони саховатпешаю соҳибкорони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ мутобиқ ба талаботҳои замони муосир таъмиру таҷдид гардида, фаъолияти он мушкилии сокинони деҳаро осон намуд. Бояд зикр намуд, ки барои бунёди бинои мазкур саҳми соҳибкорон, муҳочирони меҳнатӣ ва бародарон Маҳмудовҳо, Ҷумъаев Ҳалим, Яҳёев Яҳё, Охунов Облоқул, Шокиров Наимҷон хеле назаррас буда, дар идома барои заҳмату меҳнатҳои шахсони номбурда аз ҷониби Раиси ноҳия сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич тақдим гардид. Дар ноҳияи Деваштич даҳҳо биноҳои таъиноти иҷтимоидошта бунёд гардид, ки он заминаи асосӣ барои пешрафти ноҳия мансуб буда, чунин ободкориҳо на танҳо барои рушди деҳаю ноҳия балки барои пешрафти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Моҳи сентябри соли равон Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода дар деҳаи Қалъаи Дӯсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз ҷамъоварии ҳосили картошка дидан намуданд. Кишоварзони деҳаи мазкур баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии бозорҳои маҳаллӣ бо картошка ҳаматарафа кӯшиш намуда, бо истифода аз тухмиҳои босифат дар қитъаи замин кишти барвақтии картошкаро ба роҳ монда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Зимни суҳбат Раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин тавсияҳои судманд дод. Таъкид гардид, ки картошкаи дар ин деҳа истеҳсолшаванда дар мамлакат серхаридор буда, саҳми деҳқонони минтақа дар таъмини бозори дохилӣ бо картошка назаррас аст. Бояд таъкид кард, ки ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи даромаднок дар ноҳияи Деваштич диқати махсус дода мешавад. Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироатҳо мувофиқ аст. Деҳқонони заркори ноҳия дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои лалмӣ ва боир ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.
Санаи 23 сентябри соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштич ташриф овард. Вазири кишоварзиро раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва роҳбарону масъулони сохаи кишоварзӣ истиқбол гирифтанд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз фаъолият ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда ба кишоварзон маслиҳату тавсияҳо дод. То соҳаи кишоварзӣ рушд карда, барои таъмини бозорҳои дохилию хориҷӣ ва истеҳсоли маҳсулотҳои босифат мусоидат намояд. Мақсад аз ташрифи Вазири кишоварзӣ дидан намудан аз маҳсулотҳои хоҷагии кишоварзӣ ва сӯҳбат намудан бо кишоварзони ноҳия мебошад.
Дар толори Қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллои Рӯдакии маркази ноҳия Конференсияи XXll ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич, ки дар асоси Қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич аз 30 -юми майи соли 2024 даъват гардида буд, баргузор гардид. Дар кори Конференсия Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилиён Комрон Исмоилзода, мушовири Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзиданд. Ҳамзамон, дар Конференсияи мазкур вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич тибқи меъёри муқарраргардида роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок доштанд. Кори Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной ифтитоҳ намуда, сипас ҳайати кории раёсати Конференсияро муаррифӣ намуд. Тибқи рӯзномаи Конференсияи XXll-и ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд: 1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда”; 2. Ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар давраи ҳисоботӣ; 3. Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич; 4. Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич; 5. Интихоби…
18 сентябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат!” баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва масъулону кормандони шуъбаҳои дахлдори мақомот иштирок намуда, ҷавонони фаъолу лаёқатманд низ ҷалб гардиданд. “Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи Тоҷикистон” ин мавзӯи нахустини курси омузишӣ буд, ки раиси ноҳия онро баррасӣ намуда, аз кору фаъолият ва хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳарф заданд. То ҷавонон аз таъриху ниёгони хеш огоҳ шуда, ба қадри тинҷиву озодӣ ва истиқлоли миллат бирасанд. Курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” дар асоси барқияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ташкил гардида, барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва дар ин замина тарғиби арзишҳои миллӣ равона гардидааст. Давомнокии курси мазкур се моҳ буда, 23 мавзӯи дигар аз ҷони масъулону роҳбарон баррасӣ хоҳад шуд. Мақсад аз ташкили курси омӯзишӣ омода намудани кадрҳои ҷавон ба хизмати давлатӣ мебошад. То мушкилоти нарасидани кадрҳои ҷавон бартараф карда шавад. Бояд қайд намуд, ки дар ҷамъбасти курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” маросими супоридани шаҳодатнома ба таври тантанавӣ доир гардида, хатмкунандагони курси мазкур соҳиби…
Имрӯз, 18 сентябри соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум баргузор гардид. Дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум вакилони маҷлиси вакилони халқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, роҳбарони бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, раисони Шурои маҳаллаҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имомхатибон иштирок доштанд. Инчунин, дар кори Иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Аминҷон Абдуллозода иштирок намуд. Дар асоси рӯзномаи маҷлис масъалаҳои дар бораи рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.10.2023, №314 “Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар ноҳия, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум оид ба масъалаҳои масоили оила, занон ва пешгирии хушунат дар оилаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Бахт” №2 Равшаной Маъмурзода оид ба фаъолияти вакилиаш ва тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи…
Ҳамдиёрони азиз! Мо дар арафаи ҷашни Истиқлол қарор дорем, аз ин рӯ кулли сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштичро бо 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар хонадони ҳар яки Шумо – ҳамдиёрони азиз, файзу баракат ва шодмониву нишоти рӯзгор хоҳонам. Барои кулли сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Дар ҳаёти пурифтихори худ тамоми сокинони кишвар, аз ҷумла кулли мардуми ноҳияи Деваштич ифтихор аз он доранд, ки сиву се сол қабл, нахустин хиштҳои девори Истиқлоли давлати воқеӣ ва давлатдории миллии хеш гузошта шудааст ва бо шарофати мустақилият ва сиёсати хирадмандона, дурандешонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо соҳиби муқаддасоти миллӣ гардидем. Бояд қайд намуд, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору андешаҳои созанда, азму иродаи фидокоронаи расидан ба ормонҳои миллиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид. Истиқлолият дар як муддати кутоҳ ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Имрӯз мардуми шарафманди нохия дар қатори дигар сокинони кишвари биҳиштосои азизамон, ҷашни бузургу таърихӣ ва муқаддаси 33 –…