Имрӯзҳо дар саросари мамлакат бо истифода аз боду ҳавои мусоид шудгору кишти тирамоҳӣ бо маром идома дошта, деҳқонон ният доранд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат шудгору киштро ба сомон расонанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Девашитич низ барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва танзими нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ кишти тирамоҳӣ бомаром идома дорад. Имрӯз, 22 октябри соли равон Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода аз рафти кишти тирамоҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан боздид ба амал овард. Зимни боздид ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки тибқи маъмумотҳои фаврӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан 2300 га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст. Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии ноҳия оид ба рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба санаи 22.10.2024 8314га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, кишти тирамоҳӣ дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бомаром идома дорад.
11 октябри соли 2024 дар асоси нақшаи тасдиқкардашудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлиси фаъолон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, раисони шӯрои маҳаллаҳо, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имомхатибон иштирок доштанд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич бо рўҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст намудани соли барои миллату давлатамон таърихӣ саъйу талош меварзанд. – Сокинони меҳнатқарии ноҳия дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои ҳадафмандонаи Ҷаноби Олӣ, ки дар суханрониҳояшон ҳангоми мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, ҷиҳати бо дастовезҳои муносиб таҷлил…
Моҳи сентябри соли равон Раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода дар деҳаи Қалъаи Дӯсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз ҷамъоварии ҳосили картошка дидан намуданд. Кишоварзони деҳаи мазкур баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии бозорҳои маҳаллӣ бо картошка ҳаматарафа кӯшиш намуда, бо истифода аз тухмиҳои босифат дар қитъаи замин кишти барвақтии картошкаро ба роҳ монда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Зимни суҳбат Раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин тавсияҳои судманд дод. Таъкид гардид, ки картошкаи дар ин деҳа истеҳсолшаванда дар мамлакат серхаридор буда, саҳми деҳқонони минтақа дар таъмини бозори дохилӣ бо картошка назаррас аст. Бояд таъкид кард, ки ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи даромаднок дар ноҳияи Деваштич диқати махсус дода мешавад. Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироатҳо мувофиқ аст. Деҳқонони заркори ноҳия дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои лалмӣ ва боир ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.
Санаи 23 сентябри соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Деваштич ташриф овард. Вазири кишоварзиро раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва роҳбарону масъулони сохаи кишоварзӣ истиқбол гирифтанд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз фаъолият ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда ба кишоварзон маслиҳату тавсияҳо дод. То соҳаи кишоварзӣ рушд карда, барои таъмини бозорҳои дохилию хориҷӣ ва истеҳсоли маҳсулотҳои босифат мусоидат намояд. Мақсад аз ташрифи Вазири кишоварзӣ дидан намудан аз маҳсулотҳои хоҷагии кишоварзӣ ва сӯҳбат намудан бо кишоварзони ноҳия мебошад.
Ҷамъбасти кишти зироатҳо аз рӯи ҳисоботи 4 кишоварзӣ якҷоя бо аҳолӣ № Номгӯи нишондиҳандаҳо Воҳиди ченак Ба ҳолати 01.06.2018 Ба ҳолати 01.06.2017 Сурати афзоиш % Фарқият +,- 1 Ҳамагӣ кишти тирамоҳӣ Га 8705 7565 115,0 +1140 2 Аз он ҷаллагиҳо Га 8705 7565 115,0 +1143 3 Аз ҷумла гандум Га 3295 3345 99,0 -50 4 Ҷав Га 5410 4220 128,0 +1190 5 Ҳамагӣ кишти баҳорӣ Га 22219,1 27232,2 82,0 -5013,1 6 Аз он ҷаллагиҳо Га 17372 21751 80,0 -4379 7 Аз ҷумла гандум Га 3999 4499 89,0 -500 8 Ҷав Га 11975 15576 77,0 -3601 9 Ҷавсар Га 1230 1482 83,0 – 252 10 Ҷавдор Га – – – – 11 Ҷуворимакка барои дон Га 106 215,5 49,0 -109,5 12 Картошка Га 3001,6 2606 115,0 +395,6 13 Сабзавот Га 567,3 594,7 95,00 -27,4 14 Полезӣ Га 102,6 258 40,0 -155,4 15 Зироатҳои техникӣ Га 583,6 1303 45,0 -719,4 16 Аз он маҳсар Га 266 453 59,0 -187,0 17 Ҳамагӣ зироатҳои хӯроки чорво Сент 485,8 505 96,0 -19,2 18 Ҳамагӣ ниҳолҳои бисёрсола Га 38,89 71,73 54,0 -32,89 Аз он ҷумла 19 Боҷ Га 38,39 – +38,39 20 Токзор Га 0,5 – +0,5 21 Тутзорҳо Га – – –…
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2018 дар ноҳия масоҳати 158870 га заминҳо мавҷуд мебошад, ки аз он ҷумла: – заминҳои обӣ 17056 га; – заминҳои корам 36254 га, аз он обӣ 11804 га, лаълмӣ 24450 га; – дарахтони бисёрсола 3134 га аз он обӣ 3084 га, лалмӣ 50 га; – заминҳои боир (партов) 869 га; – заминҳои алафдарав 376 га; – заминҳои чарогоҳ 77948 га ва ҳамаи заминҳои кишоварзӣ 118581 га мебошад. Инчунин қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ 6076 га, аз он обӣ 1369 га, заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ 2605 га, аз он обӣ 680 ва дигар намуди заминҳо 31608 га мавҷуд буда, масоҳати заминҳои фонди захира 13059,51 га, аз обӣ 3994,35 га, корам 4189,85 га, аз он обӣ 2363,23 га, боғот 1586 га, аз он обӣ 1586 га, чарогоҳ 4944,5 га, заминҳои партов 366,42 га, дигар заминҳо 1619 га, заминҳои фонди махсус 418 га, аз он корам 204 га, обӣ 28 га ва заминҳои захираи озод 898 гектарро ташкил медиҳад. Дар соли 2018 ба ҷойи 6250 гектар нақшавии кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 8968 гектар кишти тирамоҳӣ гузарониданд, ки нисбати дурнамо 2718 гектар зиёд мебошад. Дар соли 2018 дар майдони 25578 гектар (бо назардошти бедаи куҳна) кишти баҳорӣ ба нақша…