Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 15 апрели соли 2025 дар толори Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба номи “Лоиқ Шералӣ” мулоқоти Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии маркази вилояти Суғд доир гардид, ки дар мулоқот намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармутахассис шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Мирзоғуфрон Ғафуров ширкат варзид. Нахуст Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда, ба донишҷӯён, ки ҳама аз ноҳияи Деваштич мебошанд, доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, дастоварду пешравиҳо, имкониятҳои мавҷуда ва нақшаву стратегияҳои дарназардошташуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Вобаста ба Истиқлолият, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, ҳифзи марзу буми Ватан аз арзишҳои муҳим арзёбӣгардида, бо ёдоварӣ аз таърихи истиқлолияти кишвар, сабабу омилҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, саркардагони он, ҳадафҳои ғаразноки гуруҳҳои манфиатхоҳу иртиҷоӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати ин неъматҳои бебаҳо бетараф набошанд ва барои ҳифзи онҳо ҳамеша тадбирҳо андешанд. Дар суханронии хеш Раиси ноҳияи Деваштич махсусан заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди аз байн бурдани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, овардани гурезагон, барқарор кардани сулҳу субот ва минбаъд ба роҳ мондани рушди бомайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мисолҳои…
Дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич ба ифтихори санаҳои фархундаву миллӣ, аз ҷумла ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону таҷдид ва бунёди иншооти гуногун авҷи тоза гирифта, сокинон дастаҷамъона дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда мегузоранд. 22 март Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Яхтан ба сохтмони муассисаи томактабӣ санги асос гузоштанд. Бинои нав бо дастгирии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сокинону соҳибкорони маҳалӣ бунёд карда мешавад. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот Раиси ноҳия ҷиҳати анҷом босифати корҳо ва бунёди бинои дуошёна барои 200 нафар тарбиятгирандагон тавсияҳо дод. Ҳоло дар ноҳия 8 кӯдакистон фаъолият дошта, 1430 нафар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода дар суҳбат бо сокинони деҳа зикршуда иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин бунёд кардани як муассисаи томактабӣ вазифагузорӣ карда шудааст ва барои иҷрои ин супориш аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд. Бунёди кӯдакистонҳои нав бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинону соҳибкорони ватандӯст амалӣ карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтан наздик 20 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат дошта, дар…
Дар асооси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободону бунёдкори ва дар ин замина бо нишондиҳандаҳои назаррас, сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кулли сокинони ноҳияи Деваштич, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саҳоватпеша хуб пазируфта ҷиҳати бунёди иншоотҳои гуногун камари ҳиммати баста меҳнати хуб намуданд. Санаи 22 марти соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Бобоҷон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо чавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода дар назди муассисаи таҳсилоти миёни умумии №18-и деҳаи Дархони Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Сараввал Раиси ноҳия мардуми деҳаро бо ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуда, гуфтанд ки, мардуми меҳнатқарини деҳаи Дархон дар қатори сокинони ноҳиямон дар арафаи ҳар як ҷашни таърихӣ ва иду айём корҳои ободониву бунёдкорӣ ва хайру савобро ба роҳ монда, ҷиҳати бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол гирифтани он меҳнат менамоянд. Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои…
1 ноябри соли 2024 дар ноҳияи Деваштич бо истифода аз ҳавои мусоид баҳри вусъат бахшидан ба корҳои ободониву тозагии муҳити зист ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умуминоҳиявӣ баргузор гардид. Дар ҳашари умуминоҳиявӣ кормандони касбу кори гуногун ва сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, ки дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ ҷойгир мебошанд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ баҳри ҳифзи муҳити зист, вусъати корҳои ободонӣ саҳми босазои худро гузошта, ду шафати шоҳроҳи мазкур ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонию кишоварзиро ба кишти тирамоҳӣ омода намуда аз алафҳои бегона тоза карда, ниҳолҳои хушкшударо решакан намуда, ҳамзамон дарахтони қади роҳро сафед карда ба тартиб дароварданд. Бояд қайд намуд, ки ҳифз намудани табиат, тозаю озод нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зисти худ ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии ҳар яке мо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таъкид гардид, ки ҳар як сокини ноҳия бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи диёри азизамон аз хонаву дари худ, кӯчаю маҳалла ва деҳа сар карда, фарҳанг ва тамаддуни оламгири тоҷиконро ҳифзу гиромӣ нигоҳ доранд ва баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Ҳамдиёрони азиз! Муҳтарам аъзоёни иттифоқи касаба! Бо камоли эҳтиром ва як ҷахон таманниёти нек ҳамаи шумоёнро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба табрику муборакбод менамоям. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ва ҷашнгирии он дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки 24 октябри соли 2019 Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, зикр намуданд, ки: «Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.» Мулоқоти мазкур, на танҳо ба таҳкими ҳаракати Иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол асос гузошт, балки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастуру ҳидоятҳои хеш дурнамои ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян намуд. Пешвои миллат зимни мулоқот дастур дод, ки дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои…
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат бо истифода аз боду ҳавои мусоид шудгору кишти тирамоҳӣ бо маром идома дошта, деҳқонон ният доранд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат шудгору киштро ба сомон расонанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Девашитич низ барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва танзими нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ кишти тирамоҳӣ бомаром идома дорад. Имрӯз, 22 октябри соли равон Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода аз рафти кишти тирамоҳӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан боздид ба амал овард. Зимни боздид ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки тибқи маъмумотҳои фаврӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтан 2300 га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст. Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии ноҳия оид ба рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба санаи 22.10.2024 8314га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, кишти тирамоҳӣ дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бомаром идома дорад.
11 октябри соли 2024 дар асоси нақшаи тасдиқкардашудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлиси фаъолон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, раисони шӯрои маҳаллаҳо, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва имомхатибон иштирок доштанд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич бо рўҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст намудани соли барои миллату давлатамон таърихӣ саъйу талош меварзанд. – Сокинони меҳнатқарии ноҳия дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои ҳадафмандонаи Ҷаноби Олӣ, ки дар суханрониҳояшон ҳангоми мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, ҷиҳати бо дастовезҳои муносиб таҷлил…
Тавре маълум аст, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр иди касбии омӯзгорон таҷлил карда мешавад. Дар робита Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода дар шаҳраки Ғончӣ чанде аз собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард. Раиси ноҳия аз ҷумла Маъруф Орипов – собиқ омӯзгори фанни математика, Гавҳар Саломова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, Муборак Маърупова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, аёдат намуда, онҳоро бо иди касбиашон табрик гуфт. Таъкид карда шуд, ки нақш ва саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврасу ояндасоз ва дар руҳияи ватандустиву меҳнатдӯстӣ тарбия намудани онҳо назаррас аст. Ҷоннисориву азхудгузаштанҳои омӯзгорон аст, ки инсониятро ба сӯи ояндаи нек раҳнамоӣ месозад ва ҳамин муаллимонанд, ки чароғи илму маърифатро фурӯзон нигоҳ медоранд. Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки дар пайравӣ аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити моддиву маънавии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ мекунад. Ҳамасола ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои “Беҳтарин муассисаи таълимӣ” “Беҳтарин муассисаҳои таълимии томактабӣ”, роҳхати ройгони омӯзгорони пешқадам ба осоишгоҳ баёнгари дастгириҳои…
Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон дар ҳафтаи авалли моҳи октябр – Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин рӯзи муқаддас санаи 4 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳия бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Зулфия Нурматова, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд. Раиси ноҳия муҳтрам Ашуралӣ Ҷалилзода дар баромади худ, кулли омӯзгорон ва иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди касбии омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуданд. – Таҷлили имсолаи Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни таърихии давлату миллат – 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ…
Ҳамдиёрони азиз! Омӯзгорони арҷманд! Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, ба ҳамдигар алоқаи зич дорад. Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда, ба воситаи забон шинохта шудаанд. Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои бузург гузаштааст, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебо бо захираҳои ғаниву рангин бароямон мерос мондааст. Забон бузургтарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишоне барои халқу миллат аст”. Аз ин рӯ, маҳз забони тоҷикӣ аз вуҷуд доштани миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷикро дар олам бо номи Тоҷикистон муаррифӣ менамояд, зеро бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва осори илимиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия…