ДЕВАШТИЧ: ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН   

06.10.2025

print
3 октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии омӯзгорон баргузор гардид.

 

Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдурасул Абдунабиев, муовини Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону кормандони соҳаҳои мухталифи ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорон, ҷавонону наврасон ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.

 

Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ намуда кулли омӯзгорон ва иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуданд.

 

“- Таҷлили имсолаи Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни таърихии давлату миллат – 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида истодааст.

 

Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор дорад ва ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда, ба воситаи забон шинохта шудаанд”, -иброз дошт Раиси ноҳия.

 

Дар арҷгузории забон ва посдории он нақши аҳли зиё, аз ҷумла омӯзгорон бағоят бузург мебошад. Маҳз ба воситаи фаъолияти омӯзгорон иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар муассисаҳои таълимӣ мавриди амал қарор гирифтааст. Омӯзгорон дар ҳамаи давру замон тарбиятгар, мураббӣ ва меъмори дунёи маънавии инсон ҳаст ва боқӣ хоҳад монд, зеро омӯзгор шахсест, ки олами ботинии инсонро бо нури хирад равшанӣ бахшида, дар ташаккули инсон хушахлоқӣ, соҳимбмаърифатӣ ва бофарҳангӣ замина мегузорад.

 

Рӯзи забони давлаӣ яке аз падидаҳои даврони Истиқлолият буда, барои ҳар як фарди меҳанпараст, худшиносу худогоҳ азизу муқаддас мебошад, – таъкид намудан Раиси ноҳия дар суханронии худ.

 

Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдурасул Абдунабиев суханронӣ намуда ба иштирокчиён Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

 

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор омӯзгорон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, Ифтихорномаи шуъбаи маорифи ноҳия ва Ифтихорномаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия супорида шуд.

 

Дар фарҷом барои болохотирии иштирокчиёни чорабини барномаи ҷалби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

 

 

Шарҳ нест

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code