Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода рӯзи гузашта ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чанде аз собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард.
Роҳбари ноҳия аз ҷумла Яҳёев Ҳамидулло ва Раҳимова Зоҳираро хабар гирифта, онҳоро бо иди касбиашон табрик намуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад ва заҳмати машъалафрӯзони роҳи фардои миллат аз ҷониби давлат ҳамеша қадр карда мешавад.
Зимни сӯҳбатҳои самимӣ бо омӯзгорон Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳиму афзалиятнок сол аз сол зиёд шуда истодааст.
Қайд карда шуд, ки ин шахсиятҳо умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшида, барои рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд.
Пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф буда, рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба аст.
Омӯзгорони ноҳия аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо шукргузорию саодат ҷиҳати иҷро намудани рисолати таърихии худ, амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва куллан беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хонандагон талош меварзанд.
Аёдатшудагон аз дастгириҳои доимии Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.







Шарҳ нест