РАМЗИ “СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ВА ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ” ТАСДИҚ ГАРДИД
Хабарҳо / 08.05.2026

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд. Рамз дар шакли мудаввар таҳия шуда,  давродаври он ба забони тоҷикӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»  2026 навишта шудааст. Дар ин рамз офтоб, кӯҳҳою қуллаҳои барфпӯш ва домани сабзи замин баёнгари кишвари кӯҳистону офтобӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон, инъикоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо, биноҳои зебову нақбу роҳҳо нишона аз созандагиву ободонӣ ва сарбанду хатҳои барқӣ ибрози нурофарӣ аст. Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам ва манораи боҳашамати Истиқлол рамзи пойдории миллату давлат ва китоби кушода нишонаи донишу маърифат ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошанд. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода намоянд.

ПАЁМИ ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Хабарҳо / 08.05.2026

Ҳамдиёрони азиз! Муҳтарам собиқадорон! Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бепоёни онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич сокинони ноҳияро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоем. Ин рӯз рамзи пирӯзии адолат бар зулм, рамзи сулҳу дӯстӣ бар ҷангу адоват ва нишонаи матонату устувории халқҳо мебошад. Мо имрӯз бо сари баланд аз корномаҳои падарону бобоёни худ ёд мекунем ва ба рӯҳи поки онҳо арҷ мегузорем. Бояд қайд намуд, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст. Дар рӯзҳои сахти ҷангӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар қатори фиристодагони Тоҷикистон 4 ҳазору 560 нафар фарзандони далеру шуҷои ноҳия дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамониву шуҷоат зоҳир намуданд, ки аз онҳо…