ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Ҳамдиёрони азиз! Муҳтарам аъзоёни иттифоқи касаба! Бо камоли эҳтиром  ва як ҷахон таманниёти нек ҳамаи шумоёнро ба муносибати  Рӯзи иттифоқҳои касаба табрику муборакбод менамоям. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ва ҷашнгирии он дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки 24 октябри соли 2019 Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот намуда,  зикр намуданд, ки: «Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.» Мулоқоти мазкур, на танҳо ба таҳкими ҳаракати Иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол асос гузошт, балки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастуру ҳидоятҳои хеш  дурнамои ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян намуд. Пешвои миллат зимни мулоқот дастур дод, ки дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои…

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ ДОИР ГАРДИД

14 октябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати прокурори ноҳияи Деваштич мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 Ҷамшед Мелибоев ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Деваштич доир гардид, ки дар он Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, аъзоёни Шӯро – роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони шӯрои маҳалла, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи Шӯро ёрдамчии калони прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 2  Ҷамшед Маърупов суханронӣ намуда, оид ба рафти Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар фаъолияти мақомотҳои марбутаи давлатии ҳудуди ноҳия гузориш дод. Дар муҳокима сардори шуъбаи дар ноҳияи Деваштич будаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Дилшод Ҳасанов, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Абдумаҷид Ҷалилов ва дигарон шунида шуд. Сипас, аз рӯи масъалаи…