РАИСИ НОҲИЯ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФРО БО ИДИ КАСБИЯШОН ТАБРИК НАМУД

Тавре маълум аст, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр иди касбии омӯзгорон таҷлил карда мешавад. Дар робита Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода дар шаҳраки Ғончӣ чанде аз собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард. Раиси ноҳия аз ҷумла Маъруф Орипов – собиқ омӯзгори фанни математика, Гавҳар Саломова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, Муборак  Маърупова – собиқ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, аёдат намуда, онҳоро бо иди касбиашон табрик гуфт. Таъкид карда шуд, ки нақш ва саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврасу ояндасоз ва дар руҳияи ватандустиву меҳнатдӯстӣ тарбия намудани онҳо назаррас аст. Ҷоннисориву азхудгузаштанҳои омӯзгорон аст, ки инсониятро ба сӯи ояндаи нек раҳнамоӣ месозад ва ҳамин  муаллимонанд, ки чароғи илму маърифатро фурӯзон нигоҳ медоранд. Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки дар пайравӣ аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити моддиву маънавии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ мекунад. Ҳамасола ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои “Беҳтарин муассисаи таълимӣ” “Беҳтарин муассисаҳои таълимии томактабӣ”, роҳхати ройгони омӯзгорони пешқадам ба осоишгоҳ баёнгари дастгириҳои…

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ
Маориф , Хабарҳо / 05.10.2024

   Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон дар ҳафтаи авалли моҳи октябр – Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин рӯзи муқаддас санаи 4 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳия бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Зулфия Нурматова, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо  ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд. Раиси ноҳия муҳтрам Ашуралӣ Ҷалилзода дар баромади  худ, кулли омӯзгорон ва иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди касбии омӯзгорон самимона табрику муборакбод намуданд. – Таҷлили имсолаи Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон ба худ шукӯҳу шаҳомати хосаро доро буда, дар соли ҷашни таърихии давлату миллат – 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим  поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги  халқи тоҷик  маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик  бо фарҳанг  ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор  дорад ва ин ҳама арзишҳои  фарҳангӣ…

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

Ҳамдиёрони азиз! Омӯзгорони арҷманд! Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, ба ҳамдигар алоқаи зич дорад. Бояд қайд намуд, ки Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгорон ин ду калимаи муҳим  поягузори асолати миллӣ ва шоҳсутуни маърифату фарҳанги  халқи тоҷик  маҳсуб ёфта, бо ҳамдигар иртиботи зич доранд, зеро миллати тоҷик  бо фарҳанг  ва тамаддуни бисёрсолаи худ ифтихор  дорад ва ин ҳама арзишҳои  фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда, ба воситаи забон шинохта шудаанд.  Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  қайд намудаанд: “Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои бузург гузаштааст, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони фарзонааш дар шакли зебо бо захираҳои ғаниву рангин бароямон мерос мондааст. Забон бузургтарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишоне барои халқу миллат аст”.  Аз ин рӯ, маҳз забони тоҷикӣ аз  вуҷуд доштани миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷикро   дар олам  бо номи Тоҷикистон  муаррифӣ менамояд, зеро бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва осори илимиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия…

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯ МУҲТАРАМ АШУРАЛӢ ҶАЛИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2024-2025
Маориф , Хабарҳо / 31.08.2024

Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр! Хонандагони азиз! Имрӯз дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азиз-Рӯзи дониш бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар ин лаҳзаҳои идона, ки ҳар яки мо дар оғози Соли нави хониш ва дар остонаи таҷлили 33-юмин солгарди  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ҳамаи Шуморо бо ин санаҳои муборак самимона табрик намуда, ба хонандагон дар фатҳи қуллаҳои дониш, ба устодону омузгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям. Бояд қайд намуд, ки Давлату Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳибдонишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Пешвои муаззами миллат ба илму маориф аҳамияти хоса дода, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки “Ояндаи миллат аз фаъолияти омузгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”. Таҷрибаҳо шаҳодат медиҳанд, ки  ҳамасола соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳар яки моро водор…

СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА СУПОРИДА ШУД

    Дар арафаи соли  нави хониш дар муассисаи таълимии рақами 61-и деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич   маросими ба истифода супоридани синфхонаҳои  аз нав таъмиргардида  баргузор гардид.  Дар он  Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода суханрони намуда,  қайд намуданд, ки дар арафаи соли нави таҳсили 2024 -2025  дар муассисаи таълимии мазкур  6 синфхона  ва 2 бинои  маъмурӣ  пурра аз таъмир бароварда шуд, ки он дар масоҳати 450 метри квадратӣ ҷойгир буда,  барои таъмиру таҷдиди мактабу синфхонаҳо  беш  аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ  сарф карда шуд, синфхонаҳои муассиса бо кӯмаки молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа Юлдошев Улуғбек, Ҷӯраев  Мурод, Турдиалиев  Шавкат  бунёд гардида,  устоҳои деҳа,  Муҳаммадиев Нӯъмонҷон,  Ҳасанов Ғайрат,   Отақӯзиев Шерматбек,  Муҳаммадиев Азимҷон барои азнавсозии синфхонаҳо  саҳми арзанда гузоштанд.  Ин амали хайр барои беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон  мусоидат намуда,  дар оянда  сатҳу сифати дониши хонандагон баланд хоҳад шуд.  Бояд зикр намуд, ки дар муассисаи мазкур 482 нафар хонандагон  таҳсил намуда, 36 нафар омӯзгорон  фаъолият мебаранд.

МАКТАБИ НАВ БУНЁД ГАРДИД!

Санаи 27 августи солӣ ҷорӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби навбунёд мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими кушодашавии мактаби мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Самизода ва мушовири Президенти Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Комилов Давлатҷон иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ карда, ҳамаи  хонандагону омӯзгоронро табрику шодбош намуда, сохта ба истифода додани  муассисаи мазкурро дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ амали нек арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур 66-рақамгузорӣ шуда, бо харҷи 5 миллион сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша ва муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи ҳашар сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Ин  иқдом  мушкилии сокинони деҳаро осон намуд.  Зеро  240 нафар хонандагони деҳаи Файзобод дар муассисаи таълимии рақами 48-и деҳаи Арғуи шаҳри Истаравшан таҳсил мекарданд,  ки  он аз деҳа дар масофаи 3 километр дуртар ҷойгир буд. Бо бунёд гардидани мактаби нав мушкилиҳо бартараф гардид, ки  ин муассиса дорои 8 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона  ва майдончаи варзишӣ, 25 нафар кормандон, аз он 12 нафар кормандони педагогӣ ва 13 нафар кормандони техникӣ…

БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОНИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Дирӯз дар Қасри фарҳангӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид. Дар кори машварат намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Самизода Мусобек, омӯзгорону собиқадорон ва кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд. Машварат бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст мудири шуъбаи маорифи ноҳия Даврон Зикруллоев оид ба дастовардҳои соҳаи маориф дар соли таҳсили 2023 – 2024 ва рушди соҳа ҳисобот пешниҳод намуд. Инчунин Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти мактабу маориф, инкишофи илму маърифатро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ муайян намудаанд. Воқеан ҳам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таҷри назаррас афзоиш медиҳад. Дар ин радиф, таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба соҳаи маориф хоса буда, маблағгузории соҳа сол аз сол афзун гардида истодааст. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси ноҳия  бо таҳлили вазъи соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмири муассисаҳои таълимӣ, иҷроибарномаҳои соҳавӣ,  омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас супоришҳо дода шуд. Намояндаи Раёсати маорифи вилоят Самизода Мусобек низ дар рафти машварат сухан…

МУАЛЛИМИ МАН
Маориф , Хабарҳо / 09.05.2024

Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст. Мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чӣ миқдор шогирд тарбия кардаанд. Бо он фахр доранд, чӣ қадар шогирд тарбия кардаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш будаанд. Дар давлат бузургтар ва муқаддастар аз мактаб дигар муассисае вуҷуд надорад. Ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Он чизе, ки дар ҷомеа ҳаст – сохти давлатдорӣ, сулҳу суботи имрӯзу оянда, рушду тараққиёт аз мундариҷа, муҳтаво, сифат ва натиҷаи кори мактаб вобаста аст. Ва «Мактаб нерумандтарин воситаи озод кардани инсон ва нерумандтарин воситаи ғулом кардани инсон мебошад. Дар давлати озод мактаб воситаи озод кардан ва дар ҷамъияти тафаккури маҳдуд воситаи ғулом кардани инсон аст» (В. Либкнехт). Муҳиммияти мактаб – аз ҳафт то ҳаждаҳ соли ҳаёти инсонӣ фурсати бунёди таҳкурсии ҳаёти боқимондаи одам аст. Дар мавриди фаъолияти мактаб гуфтан мушкил аст, ки чӣ дар ҷойи аввал меистад – таълим ё тарбия? Инҳо мафҳумҳои якдигарро пурракунанда мебошанд. Бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Дар ин маврид метавон баҳс кард. Лекин ба андешаи мо, дар ҳар ҳолат, тарбия дар ҷойи аввал меистад. Он мафҳуми полисемӣ, ҷамъбастӣ, хулосавӣ ва муайянкунанда аст. Таълим муҳимтарин воситаи системакунонӣ, асоснок намудан, тақвият бахшидани маънавияти инсонӣ, танзимгари ният…

Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бархилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида, ҷониби Қирғизистон соати 18:45-и санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд. Сокинони маҳаллаи Баҳор ба ин амали  ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват намуданд, ки корҳои сохтмониро қатъ намоянд. Ҷониби қирғиз бошад хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд. Сипас, онҳо ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти  сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор  тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони ҶТ  маҷруҳ шуданд. Ин амали  муғризонаи  сарҳадбонони ҶҚ нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад  вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад. Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд. Сарчашма: https://khovar.tj  Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маориф

Шумораи муассисаҳои маориф —————————74 адад; аз он ҷумла: мактаби таҳсилоти умумӣ———————————–  64 адад; асосӣ ————————————————————— – ибтидоӣ ———————————————————-  – гимназия ——————————————————— 3 адад; муассисаҳои томактабӣ —————————————-7 адад; маркази таҳсилоти иловагӣ ———————————- 1 адад; Шумораи умумии омӯзгорон / аз он  занҳо ———– 2644/1110 аз он ҷумла: маълумоти олӣ————————–2231/846 нафар; Олии нопурра————————————————102 нафар; Миёнаи махсус ——————————————– 311 нафар; Маълумоти миёна ————————————- Шумора умумии хонандагон ҳамагӣ, аз он духтарон – 36185/16551 Синфи 10-11 ——————————————- 4900/2456 Миқдори мактабҳое, ки компютер доранд ———— 74 адад; Миқдори компютерҳо————————————- 952 адад; Мактабҳои хуҷраи компютердошта ——————– 73 адад; Мактабҳои муҳаррикҳои дизели дошта —————- 66 адад; Миқдори мактабҳои барқи озоддошта —————– 23 адад; Миқдори мактабҳои навдар 5 соли охир бунёдшуда – 11 адад; Ҷои нишасти мактабҳо ———————————- 3850 ҷой; Ҷои нишаст ———————————————350-624 ҷой; Шумораи коргарони соҳа–————————– 4644 нафар Музди миёнаи соҳа ———————————- 569,89 сомони