Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр! Хонандагони азиз! Имрӯз дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азиз-Рӯзи дониш бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар ин лаҳзаҳои идона, ки ҳар яки мо дар оғози Соли нави хониш ва дар остонаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ҳамаи Шуморо бо ин санаҳои муборак самимона табрик намуда, ба хонандагон дар фатҳи қуллаҳои дониш, ба устодону омузгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям. Бояд қайд намуд, ки Давлату Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳибдонишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Пешвои муаззами миллат ба илму маориф аҳамияти хоса дода, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки “Ояндаи миллат аз фаъолияти омузгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”. Таҷрибаҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҳамасола соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳар яки моро водор…
Дар арафаи соли нави хониш дар муассисаи таълимии рақами 61-и деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич маросими ба истифода супоридани синфхонаҳои аз нав таъмиргардида баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода суханрони намуда, қайд намуданд, ки дар арафаи соли нави таҳсили 2024 -2025 дар муассисаи таълимии мазкур 6 синфхона ва 2 бинои маъмурӣ пурра аз таъмир бароварда шуд, ки он дар масоҳати 450 метри квадратӣ ҷойгир буда, барои таъмиру таҷдиди мактабу синфхонаҳо беш аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шуд, синфхонаҳои муассиса бо кӯмаки молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа Юлдошев Улуғбек, Ҷӯраев Мурод, Турдиалиев Шавкат бунёд гардида, устоҳои деҳа, Муҳаммадиев Нӯъмонҷон, Ҳасанов Ғайрат, Отақӯзиев Шерматбек, Муҳаммадиев Азимҷон барои азнавсозии синфхонаҳо саҳми арзанда гузоштанд. Ин амали хайр барои беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон мусоидат намуда, дар оянда сатҳу сифати дониши хонандагон баланд хоҳад шуд. Бояд зикр намуд, ки дар муассисаи мазкур 482 нафар хонандагон таҳсил намуда, 36 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд.
Санаи 27 августи солӣ ҷорӣ дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби навбунёд мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими кушодашавии мактаби мазкур Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Самизода ва мушовири Президенти Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Комилов Давлатҷон иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода суханронӣ карда, ҳамаи хонандагону омӯзгоронро табрику шодбош намуда, сохта ба истифода додани муассисаи мазкурро дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ амали нек арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур 66-рақамгузорӣ шуда, бо харҷи 5 миллион сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша ва муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи ҳашар сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Ин иқдом мушкилии сокинони деҳаро осон намуд. Зеро 240 нафар хонандагони деҳаи Файзобод дар муассисаи таълимии рақами 48-и деҳаи Арғуи шаҳри Истаравшан таҳсил мекарданд, ки он аз деҳа дар масофаи 3 километр дуртар ҷойгир буд. Бо бунёд гардидани мактаби нав мушкилиҳо бартараф гардид, ки ин муассиса дорои 8 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ, 25 нафар кормандон, аз он 12 нафар кормандони педагогӣ ва 13 нафар кормандони техникӣ…
Дирӯз дар Қасри фарҳангӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид. Дар кори машварат намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Самизода Мусобек, омӯзгорону собиқадорон ва кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд. Машварат бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст мудири шуъбаи маорифи ноҳия Даврон Зикруллоев оид ба дастовардҳои соҳаи маориф дар соли таҳсили 2023 – 2024 ва рушди соҳа ҳисобот пешниҳод намуд. Инчунин Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти мактабу маориф, инкишофи илму маърифатро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ муайян намудаанд. Воқеан ҳам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таҷри назаррас афзоиш медиҳад. Дар ин радиф, таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба соҳаи маориф хоса буда, маблағгузории соҳа сол аз сол афзун гардида истодааст. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси ноҳия бо таҳлили вазъи соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмири муассисаҳои таълимӣ, иҷроибарномаҳои соҳавӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас супоришҳо дода шуд. Намояндаи Раёсати маорифи вилоят Самизода Мусобек низ дар рафти машварат сухан…