Дирӯз дар Қасри фарҳангӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид. Дар кори машварат намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Самизода Мусобек, омӯзгорону собиқадорон ва кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд. Машварат бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст мудири шуъбаи маорифи ноҳия Даврон Зикруллоев оид ба дастовардҳои соҳаи маориф дар соли таҳсили 2023 – 2024 ва рушди соҳа ҳисобот пешниҳод намуд. Инчунин Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти мактабу маориф, инкишофи илму маърифатро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ муайян намудаанд. Воқеан ҳам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таҷри назаррас афзоиш медиҳад. Дар ин радиф, таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба соҳаи маориф хоса буда, маблағгузории соҳа сол аз сол афзун гардида истодааст. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси ноҳия бо таҳлили вазъи соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмири муассисаҳои таълимӣ, иҷроибарномаҳои соҳавӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас супоришҳо дода шуд. Намояндаи Раёсати маорифи вилоят Самизода Мусобек низ дар рафти машварат сухан…