Ҳамдиёрони азиз! Муҳтарам аъзоёни иттифоқи касаба! Бо камоли эҳтиром ва як ҷахон таманниёти нек ҳамаи шумоёнро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба табрику муборакбод менамоям. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ва ҷашнгирии он дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки 24 октябри соли 2019 Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, зикр намуданд, ки: «Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.» Мулоқоти мазкур, на танҳо ба таҳкими ҳаракати Иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол асос гузошт, балки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастуру ҳидоятҳои хеш дурнамои ҳаракати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро барои солҳои минбаъда муайян намуд. Пешвои миллат зимни мулоқот дастур дод, ки дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои…