ТАШРИФИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СУЛАЙМОН ЗИЁЗОДА БА НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

5 декабри соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич ташриф овард. Зимни ташриф бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, идораҳои замин, хоҷагии об, нигоҳдории роҳҳо, хоҷагии ҷангал, бахши ҳифзи муҳити зист, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар шахсони дахлдор мулоқот карда, суҳбати сарироҳӣ анҷом дод. Аз ҷумла, вобаста ба тақвияти шудгори заминҳо, шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишии шафати шоҳроҳҳо ва талу теппаҳои бекорхобида, барқарорсозии мавзеҳои алоҳидаи ҷангалзорҳо, мондани яхоб дар заминҳои боғу токзорҳо ва дигар масъалаҳои марбутаи соҳаи кишоварзӣ маслиҳатҳо дода, дар назди ҳозирин вазифагузорӣ намуд. Зимни мулоқот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои деҳотҳо вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода кардани заминҳо, гирифтани ду – се ҳосил аз як замин, ба кишт пурра фаро гирифтани заминҳои наздиҳавилигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, ба таври кофӣ барои ду сол захира кардани маҳсулот ва дигар масъалаҳои марбут супоришҳои мушаххас дод.

ШИНОСОИИ РАИСИ НОҲИЯ БО КАШИДАНИ ХАТТИ ОБИ ПОЛЕЗӢ

Дар асоси дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд намудани кишти картошка дар деҳаи Офтобрӯи Ҷамоати деҳоти Росровут кашидани хатти оби полезӣ бо маром идома дорад. Зимни шиносоӣ ба Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иттилоъ дода шуд, ки аз сойи Даҳкатсой то деҳаи Офтобрӯ ба масофаи 5 километр қубурҳои обгузар гузаронида мешавад. Раиси ноҳия дар суҳбат бо сокинони деҳаи Офтобрӯ барои истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани кишти картошка ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маслиҳатҳо доданд. Сокинон деҳаи Офтобрӯ аз иқдоми неки роҳбарият ва беҳтар намудани дастрасии кишоварзони минтақа ба оби полезӣ хело хушҳол гардида, азму иродаи қавии худро барои баланд бардоштани ҳосилнокии кишти картошка баён намуданд.​    

ШАҒАЛПӮШКУНИИ РОҲ – АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ

Дирӯз 4 декабр Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода аз рафти корҳои шағалпӯшкунии роҳи маҳаллии деҳаи Росровут боздид ба амал овард. Зимни боздид ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз зиёда аз 6 километр роҳҳои маҳаллӣ шағалпӯш карда шуда, сокинон ният доранд, ки соли оянда ин роҳҳоро пурра мумфарш намоянд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба ташкилкунандагони ин иқдом шахсан изҳори миннатдорӣ намуд. Бояд қайд намуд, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи нақша- чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур бо саҳми сокинони деҳа аз ҳисоби соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ гашта истодааст. Хушбахтона ин гуна иқдомҳо дар саросари ноҳия ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст. Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти шағалпушкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳо ва ободу зебо гардонидани маҳҳали зисти худ намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос баён намуданд. Сокинони деҳаи Росровут изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БА НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

3 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид. Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, сокинони меҳнатқарини ноҳия дар иҷрои корҳои ободонӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аснои боздиди Раиси вилоят аз Ҷамоати деҳоти Ваҳдат иттилоъ дода шуд, ки сокинони деҳаҳои Қалъаи дӯст ва Басманда аҳлона меҳнат намуда, дар бунёди иншооти гуногун саҳм гузошта, роҳҳои дохилиро мумфарш намудаанд. Дар ноҳия соли равон бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории сокинону соҳибкорон беш аз 46 километр роҳҳо таъмиру мумфарш гардидааст ва ин иқдом дар соли оянда низ амалӣ карда хоҳад шуд. Раиси вилоят ба ташаббусҳои сокинон баҳои баланд дода, барои амалисозии чунин иқдомҳо, аз ҷумла бунёди марказҳои хизматрасонӣ, мумфаршкунии роҳҳо, бунёди дарвозаи рамзии деҳаи Басманда дар оянда низ тавсияҳо дод.  Раиси вилоят ҳамзамон дар деҳаҳои Қалъаи дӯст ва Басманда бо сохтмони маркази саломатӣ ва кӯдакистон шинос шуда, барои вусъатбахшии корҳои ободонӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод. Дар ноҳияи Деваштич, ки аз минтақаҳои картошкапарвар маҳсуб меёбад, соли равон 261 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардидааст. Зимни боздид аз захираи картошка дар анбори хоҷагии деҳқонии «Аҳмадбой» маълумот дода шуд, ки танҳо дар…