22 феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуданд. Ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба омодагии ҳайати шахсии қӯшунҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барои гузашти паради низомӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – лейтенант Собирзода Эмомалӣ гузориш дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукуҳи 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуданд. Қабл аз оғози паради ҳарбӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо андешаҳои худро баён доштанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокдорони паради ҳарбӣ – афсарону сарбозонро самимона шодбош гуфтанд. Таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар муддати 32 соли сипаригардида ҳифзи истиқлолу озодии кишвар, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро ҷавонмардона ва бо садоқат ба халқу…
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД 1.Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1ҷой Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои мудир: -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ; – 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, – донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ. – одобу ахлоқи шоиста, ҳиси балалнди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон; – малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. – малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ. Маоши манабӣ 2560 сомонӣ, қабулшавӣ ба хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ. 2.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 1ҷой Талаботи тахассусӣ барои мансабҳои сармутахассис: – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; – 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ); – 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак…
22.02.2025, шаҳри Душанбе Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ! Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ! Фардо ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд, 32 сол пур мешавад. Ҳамаи шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба муносибати ин санаи таърихӣ – ҷашни фарзандони далеру шуҷои Ватан самимона табрик мегӯям. Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар муддати 32 соли сипаригардида ҳифзи истиқлолу озодии мамлакат, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро дар кишвар ҷавонмардона ва бо садоқат ба халқу Ватан таъмин карда истодаанд. Дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва вазифаи пуршараф ба ҳисоб меравад. Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ҳамчун миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободкору созанда шинохта шудаанд. Вале дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати мо фарзандони далеру фидокори он, аз қабили Муқаннаъ, Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Восеъ ва ҳазорон нафари дигар барои ҳимояи сарзамини муқаддаси аҷдодӣ қаҳрамониву ҷоннисориҳо кардаанд ва ба наслҳои имрӯза аз худ намунаи ибрати ҷовидонӣ боқӣ гузоштаанд. Аз рӯзҳои аввали эълон гардидани истиқлоли давлатӣ ва ташкили…
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва бо иштироки мудири шуъбаи кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Шарифзода Ғолибҷон, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корҳонаву ташкилот дар ҷаласаи муаррифии кадрӣ навтаъиншуда доир гардид. Нахуст, мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода баромад карда, иттилоъ дод, ки мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 феврали соли 2025 ва дар асоси қарори Раиси ноҳияи Деваштич Файзуллозода Насрулло Абдулло ба мансаби муовини раиси ноҳия таъин гардид. Сипас, ҳолномаи Файзуллозода Насрулло Абдулло муаррифӣ гардид. Зимни мулоқот бо кадри навтаъингардида Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода аз вазъи имрӯзаи мураккабу печидаи сиёсиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароёна ёдовар гардида, зикр дошт, ки кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда бо донишу маҳорати касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон метавонанд дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат намоянд. Роҳбари ноҳия ба масъулин таъкид намуд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои милливу давлатӣ…
Муҳтарам афсарону сарбозон! Мо дар арафаи солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бояд қайд намуд, ки 23-юми феврал иди сарбозону афсарон, иди ҳайати ҷузъу томҳои ҳарбӣ, иди тамоми мардуми Тоҷикистон аст, зеро ҳимояи давлат, ҳифзи Истиқлолият ва тамоми марзу буми Ватан ба души Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, артиш аз ҳисоби фарзандони шуҷою далер ва ватандӯст ташкил меёбад. Аз ин рӯ, ҳамаи Шумоён сарбозон ва афсаронро ба ифтихори солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод менамоям. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ буда, яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф- ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудаанд, яъне онҳо вазифаҳое буданд, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд. Зикр намудан ба маврид аст, ки Артиши миллии мо дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан ва хомӯш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовор гузошт. Дар солҳои истиқлоли давлатии…
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 21 феврали соли 2025 Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода бо ҳамроҳии намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ба қисмҳои низомии 04533-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ташриф оварда, афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш иброз намуд, ки агар ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ назар афканем, маълум мегардад, ки дар баробари соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи аввалин иқдоми Ҳукумати кишвар, сарфи назар аз ҳама мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Бояд қайд намуд, ки Артиши миллии кишвари азизамон дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодӣ таъсис дода шуд. Минбаъд дар натиҷаи таваҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳ тадриҷан устувору қавӣ гардид. Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ буда, маҳз дар ҳамон ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ мегиранд, муҳофизат намудани хоки поки Ватанро меомӯзанд, – таъкид намуд Раиси ноҳия. Дар ноҳия қисмҳои низомии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолият менамоянд, ки бо афсарони дорои маълумот ва малакаи баланди…
Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 23 феврал – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат санаи 21 феврал дар Қасри фарҳанги ба номи А.Рудакии ноҳия ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Баҳтиёр Исматзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, собиқадорони соҳа, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва фаъолони ноҳия доир гардид. Ҷамъомади тантанавӣ бо даровардани Парчами милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Нахуст Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода кулли иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон тансиҳатию умри дароз, бахту саодати рўзгор, файзу баракати бешумор ва дар ҷодаи фаъолияти пуршарафу ватандўстонаашон барору пешравӣ ва комёбиҳои нав ба навро таманно карданд. Артиши миллии кишвари азизамон дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодӣ таъсис дода шуд. Минбаъд дар натиҷаи таваҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳ тадриҷан устувору қавӣ гардид. “Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ буда, маҳз дар ҳамон…
Нимаи рӯзи 19 феврали соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 январи соли 2025 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти Раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини идораи кишоварзӣ, замин, об, ҳифзи муҳити зист, маркази бехатарии озуқаворӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок карданд. Нахуст, Раиси ноҳияи Ашуралӣ Ҷалилзода меҳмонон ва аҳли Раёсатро хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаашон баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма…
19 феврал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шиносоӣ аз захираи картошка ба ноҳияи Деваштич ташриф овард. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ ҳамроҳӣ карданд. Тавре мушоҳида гардид, дар аксари таҳхонаи манзилҳои истиқоматии сокинони ҷамоатҳои Ваҳдат ва Исмоили Сомонӣ картошка ва ҳам тухмии он захира карда шудааст. Кишоварзони ноҳияи Дешваштич тӯли солҳои охир ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошкаро наздик 1000 гектар зиёд намуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва инчунин аз ҷониби худи аҳолӣ заминҳо обёрӣ шуда, кишоварзон барои зиёд намудани истеҳсоли картошка чораҷӯӣ менамоянд. Ҳоло дар ноҳияи Деваштич 12 намуди тухмии картошка парвариш карда мешавад ва тибқи дурнамо деҳқонони ноҳия азм доранд, ки то соли 2030 истеҳсоли картошкаро то ба 500 ҳазор тонна расонанд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аснои боздид зикр намуд, ки…
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2025 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд. 2. Моҳҳои апрел-майи соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати…