ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

26 декабр дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич – Раиси маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷон иҷлосияи бисту дуюми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосияи мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ноҳиявӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ, имомхатибон ва раисони Шўрои маҳаллаҳои деҳаҳо, шахсони ба масъалаҳои иҷлосия дахлдор иштирок доштанд. Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси маҷлис Ашуралӣ Ҷалилзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сурхоб №34“ ба кори иҷлосия оғоз бахшид. Бо назардошти иловаи масъалаҳо рўзномаи маҷлис тасдиқ гардид. Аз рўи масъалаи якуми рўзнома ҳисоботи Раис ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Деваштич дар ёздаҳ моҳи соли 2024 муовини якуми Раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии  “Сойча№36” Умар Маҳмадёрзода  пешниҳоди ҳозирин карда шуд. Аз рӯи масъалаи дуюми рўзнома оид ба тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2025 ва оид ба иҷрои буҷети шаҳр дар соли…