ШАҒАЛПӮШКУНИИ РОҲ – АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ

Дирӯз 4 декабр Раиси ноҳия муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода аз рафти корҳои шағалпӯшкунии роҳи маҳаллии деҳаи Росровут боздид ба амал овард. Зимни боздид ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз зиёда аз 6 километр роҳҳои маҳаллӣ шағалпӯш карда шуда, сокинон ният доранд, ки соли оянда ин роҳҳоро пурра мумфарш намоянд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба ташкилкунандагони ин иқдом шахсан изҳори миннатдорӣ намуд. Бояд қайд намуд, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи нақша- чорабиниҳо баҳри омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур бо саҳми сокинони деҳа аз ҳисоби соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ гашта истодааст. Хушбахтона ин гуна иқдомҳо дар саросари ноҳия ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст. Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти шағалпушкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳо ва ободу зебо гардонидани маҳҳали зисти худ намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос баён намуданд. Сокинони деҳаи Росровут изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар ободии маҳал саҳм хоҳанд гузошт.

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БА НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

3 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид. Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ идома дошта, сокинони меҳнатқарини ноҳия дар иҷрои корҳои ободонӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аснои боздиди Раиси вилоят аз Ҷамоати деҳоти Ваҳдат иттилоъ дода шуд, ки сокинони деҳаҳои Қалъаи дӯст ва Басманда аҳлона меҳнат намуда, дар бунёди иншооти гуногун саҳм гузошта, роҳҳои дохилиро мумфарш намудаанд. Дар ноҳия соли равон бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории сокинону соҳибкорон беш аз 46 километр роҳҳо таъмиру мумфарш гардидааст ва ин иқдом дар соли оянда низ амалӣ карда хоҳад шуд. Раиси вилоят ба ташаббусҳои сокинон баҳои баланд дода, барои амалисозии чунин иқдомҳо, аз ҷумла бунёди марказҳои хизматрасонӣ, мумфаршкунии роҳҳо, бунёди дарвозаи рамзии деҳаи Басманда дар оянда низ тавсияҳо дод.  Раиси вилоят ҳамзамон дар деҳаҳои Қалъаи дӯст ва Басманда бо сохтмони маркази саломатӣ ва кӯдакистон шинос шуда, барои вусъатбахшии корҳои ободонӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод. Дар ноҳияи Деваштич, ки аз минтақаҳои картошкапарвар маҳсуб меёбад, соли равон 261 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардидааст. Зимни боздид аз захираи картошка дар анбори хоҷагии деҳқонии «Аҳмадбой» маълумот дода шуд, ки танҳо дар…