РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

 2 майи соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти андоз маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш кулли кормандони ин ниҳодро бо рӯзи иди касбиашон шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои беназирро таманно намуд. Зикр гардид, ки воқеан ҳам мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рукни муҳим ва асоси молиявии мавҷудияти давлат арзи ҳастӣ намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфта, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад. Дар замони муосир ҷамъоварии андоз натанҳо масъалаи иқтисодии дохилӣ, балки ҷанбаи сиёсӣ низ маҳсуб меёбад. Амалишавии Кодекси андози кишвар дар таҳияи нав далели ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати андозсупорандагон мебошад. -Шумоён баҳри ободиву шукуфонии давлати соҳибихтиёри азизамон боз ҳам самаранок фаъолият намуда, дар марҳалаҳои минбаъда барои таъмини пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, кам кардани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, дарёфти сарчашмаҳои иловагии андозбандӣ, вусъат додани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани муносибат ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, мусоидат ба…