2 майи соли равон Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзод дар доираи нақшаи корӣ аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақамаи 48-и деҳаи Муҷуни Ҷамоати деҳоти Муҷун шинос шуд. Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Муҷун бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 ба истифода дода мешавад. Зимни шиносоӣ иттилооъ дода шуд. ки бинои мазкур аз се ошёна ва таххона иборат буда, барои 420 хонанда дар як баст бунёд шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёниятҳои дарсӣ пурра таъмин карда мешавад. Раиси ноҳия бо раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба масъулини соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва дигар шахсони масъул вазифадор карда шуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Деваштич дар майдони 9 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад, ки нисбат ба соли 2024 800 гектар бештар аст. Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироат мувофиқ аст. Барои парваришу истеҳсоли картошка ва то ба 500 ҳазор тонна расонидани ҷамъоварии ба истилоҳ «нони дуюм» дар ноҳияи Деваштич имконият фаровон аст. Сокинони ноҳия заминҳои наздиҳавлигии худро пурсамар истифода бурда, дар он парвариши картошкаро ба роҳ мондаанд. Тибқи маълумоти масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ аз ҷониби деҳқонон пурра истифода шуда, дар чунин заминҳо асосан кишти картошка ба роҳ монда шудааст.
2 майи соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти андоз маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия зимни суханронии хеш кулли кормандони ин ниҳодро бо рӯзи иди касбиашон шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои беназирро таманно намуд. Зикр гардид, ки воқеан ҳам мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рукни муҳим ва асоси молиявии мавҷудияти давлат арзи ҳастӣ намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфта, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад. Дар замони муосир ҷамъоварии андоз натанҳо масъалаи иқтисодии дохилӣ, балки ҷанбаи сиёсӣ низ маҳсуб меёбад. Амалишавии Кодекси андози кишвар дар таҳияи нав далели ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати андозсупорандагон мебошад. -Шумоён баҳри ободиву шукуфонии давлати соҳибихтиёри азизамон боз ҳам самаранок фаъолият намуда, дар марҳалаҳои минбаъда барои таъмини пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, кам кардани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, дарёфти сарчашмаҳои иловагии андозбандӣ, вусъат додани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани муносибат ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, мусоидат ба…