Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд корҳои созандагӣ бо маром идома доранд. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз рафти сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ боздид ба амал овард. Айни замон дар ноҳия бунёди бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, хатҳои оби полезиву нӯшокӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ бо суръат идома доранд. Корҳои созандагиро метавон дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия, ҳатто дурдасттарин деҳаву маҳаллаҳо мушоҳида кард. Сокинон дар ҳамбастагӣ баҳри ободии Ватан саҳм мегузоранд. Дар Ҷамоати деҳоти Муҷун сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ бо ташаббуси сокинон дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи ҳашар оғоз гардидааст. Дар деҳаи Қалъаи Дӯст бошад, сохтмони бинои нави Маркази саломатӣ идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он беш аз 6700 нафар аҳолӣ аз хизматрасонии беҳтари тиббӣ бархӯрдор хоҳанд шуд. Саҳми соҳибкорон дар ин раванд шоиста мебошад. Ҳамзамон, Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони коргоҳи пойафзолдӯзии ҶДММ “Раҳматулло” шинос шуд. Гуфта шуд, ки бо ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳ то 50 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. Ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Деваштич сохтмон, таъмир ва навсозии 583 иншоот ба нақша…