14 июли соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таҳти раёсати Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ва бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд. Дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин шудааст. Сипас, муовини Раиси ноҳия Насрулло Файзуллозода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Деваштич дар нимсолаи якуми соли 2025 гузориш…