БАСМАНДА. ДЕҲАЕ, КИ ШАҲРАК МЕШАВАД
Хабарҳо / 26.07.2025

Таассуроти ҳар бинанда ва сафаркунанда ба ин ё он гӯшаи диёр аз дарвоза оғоз мешавад. Ин аст, ки мардуми аҳлу дурандеши яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳияи Деваштич – деҳаи Басманда ободиро аз сохтани дарвозаи русто оғоз карданд. Яъне, соли 2024 бо ҳамдастии мардум ва соҳибкорони маҳаллӣ Хуршед Шарифов ва Суҳроб Ортиқов дарвозаи асосӣ бунёд шуд. Дарвоза шабҳо чароғон мешавад ва атрофи онро дарахтони ҳамешасабз оро додаанд. Мардум пеш аз он ки дарвозаро созанд, нахуст, аз даромадгоҳи деҳа то назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-уми ба номи Рустамҷон Ҳасановро дар масофаи 4 км мумфарш намуданд. Ҳоло ҳар касе, ки ба рустои кӯҳистони Басманда сафар намояд, ӯро дарвозаи бошукӯҳ, чароғпояҳои офтобӣ, сафедорону арчаҳои сабз ва роҳи ҳамвори мумфарш пешвоз мегиранд. ҲАШАР – РАМЗИ ҲАМБАСТАГИИ МАРДУМ Дастаҷамъона ҳал кардани муаммову масъалаҳои маҳалла, ба монанди кашидани лӯлаҳои обгузар, иваз намудани пойгоҳҳои тақсимоти барқ, мумфарш кардани роҳҳо, насби чароғпояҳо, сохтани мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ, тармими муассисаҳои таълимӣ дар Басманда ба як анъанаи дерин табдил ёфтааст. Бавижа, дар ҳашари мардумӣ пиру барно ва, ҳатто, кӯдакон ҳам иштирок карда, саҳми худро мегузоранд. Марди 84-сола, иштирокдори Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Ҳошим Азимов дар ин бора гуфт: “Ҳанӯз аз миёнаи солҳои 80-уми замони шуравӣ чун раиси хоҷагии деҳқонии ин…

ДЕВАШТИЧ: РОҲҲОИ ДЕҲАИ ҚАЛЪАИ ХОҶИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ МУМФАРШ ШУД
Хабарҳо / 26.07.2025

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Қалъаи Хоҷии Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ мумфаршкунии роҳҳо идома дорад. Раиси ноҳияи Деваштич Ашурлӣ Ҷалилзода ба деҳаи Қалъаи Хоҷии Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ омада, бо сокинони бунёдкори он суҳбати самимӣ анҷом дод. Аснои суҳбат қайд карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, шаҳрвандон барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат намуда истодаанд. Дар зимн ба ташаббускории сокинони деҳаи Қалъаи Хоҷӣ, ки бо аҳлона то имрӯз 3,5 км роҳро мумфарш намудаанд, баҳои баланд дода шуд. Раиси ноҳия аз сокинон даъват кард, ки дар оянда низ чунин корҳои хайру савобро анҷом дода, барои ободонии маҳал саҳмгузор бошанд. Сокинони деҳа дар навбати худ изҳор доштанд, ки ободсозии Ватан кори ҳар як нафари ватандӯст буда, минбаъд низ корҳои ободонӣ анҷом дода хоҳад шуд.

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БАРГУЗОР ГАРДИД.
Хабарҳо / 26.07.2025

24 июли соли 2025 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар ноҳияи Деваштич дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси ноҳия Файзуллозода Насрулло, мудири шӯъбаи иттилоот ва тарғиботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода Мухтор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Деваштич рақами 24 Шосаидзода Шаҳбоз ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Маъмурзода Равшаной, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, масъулини як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Тибқи рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд: 1. Ахбороти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар самти амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ дар Анҷумани 15-уми ҳизб, татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб барои солҳои 2025-2030, иҷрои қарорҳои Конференсияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ дар шашмоҳи аввали соли 2025; 2. Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии…

ДАР ДЕҲАИ ХӮҶАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ МУМФАРШКУНИИ 3 КМ РОҲ ОҒОЗ ШУД

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои ноҳияи Деваштич корҳои ободонию созандагӣ ҷараён дорад. Дар Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ низ бо талошу заҳматҳои сокинон бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо карда, шаҳрвандон барои ободии диёр саҳм гузошта истодаанд. Аз ҷумла, сокинони деҳаи Хӯҷаҳо бо иҷрои корҳои ободонӣ тасмим доранд, ки ҷашнҳои милливу давлатиро дар сатҳи баланд истиқбол намоянд. Сокинон имрӯзҳо ба таври оммавӣ кӯчаву маконҳои умумиро тозаву озода намуда, барои ободонии маҳалли зист аҳлона меҳнат менамоянд. 25 июли соли 2025 бо иштироки муовини Раиси ноҳия Насриддин Комилзода мумфаршкунии роҳи дохилии деҳаи Хӯҷаҳо Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ оғоз ёфт. Дарозии роҳ 3 км, паҳнои он 6 ва 9 метр буда, он бо саҳмгузории сокинону соҳибкорон мумфарш мегардад. Фармоишгари корҳо соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон буда, пудратчӣ ҶДММ «Роҳи пурфайз» мебошад. Хароҷоти умумии мумфаршкунии роҳ қариб 3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Муовини Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон иқдому ташаббусҳои сокинони ноҳияро дар самти мумфаршкунии роҳҳо намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд. Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои ноҳия корҳои ободониву мумфаршкунии роҳҳо идома дошта, то имрӯз беш аз 20 км роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шудааст. Сокинон изҳор доштанд, ки барои истиқболи шоистаи…