Тавре маълум аст, ки рӯзҳои 5-7 августи соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо шарикони рушд ҳайати ноҳияи Деваштич бо роҳбарии Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ба вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард. Ҳадаф аз сафари ҳайат ба вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо шаҳру ноҳияҳои вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, зимни сафари расмӣ намояндагони ноҳияи Деваштич аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид карда, бо фаъолияти бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ шинос шуд. Аз соҳибкорони ӯзбек даъват ба амал оварда шуд, ки бо сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ташриф оварда, бо вазъи соҳаҳои кишоварзию саноатӣ бевосита шинос гарданд. Зеро доираҳои тиҷоратии ду тараф бо ҷалби сармоя ва воридсозии технолгияи муосир метавонанд дар ин ҷода ба дастовардҳо ноил гарданд.
7 августи соли 2025 дар шаҳри Намангон мулоқоти Раиси ноҳияи Деваштич Ҷалилзода бо ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуразақов Шавкат Шокирҷонович баргузор гардид. Ҳайати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода барои дидан ва ривоҷ додани ҳамкорӣ бо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Намангон ташриф оварданд. Аснои мулоқот аз густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки имрӯз роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавонистанд, муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсояро мустаҳкамтар намуда, риштаи дӯстиро қавитар созанд. Хушбахтона, солҳои охир муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар низ рӯ ба инкишоф оварда, ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёфтани маҳсулотҳои истеҳсоли дохилӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таконбахш гашта истодааст. Таъкид карда шуд, ки соҳибкорони ду мамлакат метавонанд дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахшро амалӣ созанд. Инчунин дар фарҷоми мулоқоти ёддошти тафоҳум байни роҳбарияти ноҳияи Деваштич ва роҳбарияти вилояти Намангон оид ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, иқтисоду савдо ва кишоварзӣ ба имзо расидани шуд. Санади мазкур барои минбаъд дар доираи қонунҳои амалкунанда ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва тақвият бахшидан дар самтҳои болозикр имкон фароҳам…
2 августи соли 2025 баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кориашон ба вилоят Суғд соли 2025, ҳангоми шиносоӣ санаи 12 июли соли 2025 аз таҷрибаи картошкапарварони ноҳияи Деваштич, бо назардошти омилҳои пешгуинашаванда, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, захираи маводи ғизоии ду сола, ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин ба кулли мардуми кишвар баён доштанд, Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўӣ “Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои доманакўҳи вобаста ба шароити тағйирёбии иқлим” дар хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонови деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Деваштичу Кӯҳистони Мастчоҳ ташкил карда шуд. Дар кори семинар, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти ДИПҶТ Салимзода Салим, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ Файзуллозода Муҳаммадсаид, муовини раиси вилоят Қосимӣ Файзулло, Президенти АИКТ Салимзода Амонулло, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода,…