Дар Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт. Анор Сангинов собиқадори соҳаи кишоварзӣ буда, солҳои зиёд ҳамчун механизатор фаъолият намуда, хизматҳояш бо медалу сипосномаҳо қадр шудааст. Мушарраф Шобаротоваи 88 сола бошад дар тарбияи фарзандон саҳм гузошта, имрӯз давлати пирӣ меронад. Набиҷон Эшонов аз соли 1968 то имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 кору фаъолият дорад. Тӯли 57 соли фаъолият дар таълиму тарбияи фарзандони диёр саҳм гузошта, имрӯз хушҳол аз он аст, ки меҳнати ӯро давлату Ҳукумат қадр мекунад. Ба собиқадорони меҳнат аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супорида шуд.
10 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич шинос гардид. Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари маркази шаҳру ноҳияҳо деҳоти дурдаст ҳам ободу зебо гардида, корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ бо маром идома дорад. Дар Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич бо маблағгузории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми сокинон беморхонаи наву замонавӣ бунёд гардида истодааст. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки бошандагони ҷамоат роҳи дарозро тай накарда, дар иншооти нав аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода намоянд. Раиси вилоят аснои боздид таъкид намуд, ки дар партави супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳоти дурдаст тадбирҳои судманд меандешад. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ муассисаи нав бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда мешавад. Дар ҷамоат ҳамчунин бунёди кӯдакистони нав ба нақша гирифта шуда, сокинону соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар амалӣ шудани ҳадафҳои нек саҳм мегузоранд. Раиси вилоят бо лоиҳаи кӯдакистон шинос гардида, дастур дод, ки лоиҳа бознигарӣ карда шавад. Яъне бо назардошти зиёд будани аҳолӣ супориш дода шуд, ки бинои кӯдакистони нав бо фарогирии тамоми шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талабот сохта шавад….