Анор Сангинов собиқадори соҳаи кишоварзӣ буда, солҳои зиёд ҳамчун механизатор фаъолият намуда, хизматҳояш бо медалу сипосномаҳо қадр шудааст.
Мушарраф Шобаротоваи 88 сола бошад дар тарбияи фарзандон саҳм гузошта, имрӯз давлати пирӣ меронад.
Набиҷон Эшонов аз соли 1968 то имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 кору фаъолият дорад. Тӯли 57 соли фаъолият дар таълиму тарбияи фарзандони диёр саҳм гузошта, имрӯз хушҳол аз он аст, ки меҳнати ӯро давлату Ҳукумат қадр мекунад.
Ба собиқадорони меҳнат аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супорида шуд.













Шарҳ нест